27 Ноябр 2026,
ҷумъа, 15:36, Душанбе
27.11.2026 12:10

Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод

Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар шабона ба зерсохторҳои логистикии Украина ҳамла кардаанд. Ин вазорат ҳамчунин, гуфтааст, ки 317 паҳподи украинӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия сарнагун шудаанд.

Ба гузориши расонаҳо, Вазорати дифои Федератсияи Русия рӯзи ҷумъа аз анҷоми ҳамлаҳои шабона ба зерсохторҳои логистикии Украина хабар додааст.

Ин вазорат дар баёнияе эълом кардааст, ки неруҳои Русия ба корхонаи “Термопласт” дар вилояти Хмелнитский ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, ин корхона паҳподҳои ҳамлавар истеҳсол мекардааст.

Шабакаи “РИА Новости” ба нақл аз баёнияи Вазорати дифои Русия чунин навиштааст: “Артиши Русия зерсохторҳои ҳамлу нақл ва як корхонаро дар Запорожие ҳадаф қарор дод, ки барои артиши Украина маҳсулоти барқӣ тавлид ва таъмин мекард”.

Ҳамла ба марказҳои логистикӣ ва таҷҳизоти низомӣ

Бар асоси ин баёния, истгоҳҳои барқӣ дар вилояти Житомир ва як маркази логистикӣ барои нигаҳдории ҷузъҳои сӯзишвории сахт дар вилояти Киев низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Вазорати дифои Русия ҳамчунин, эълом кардааст: “Як киштии боркаши фулузот ва маводи ғизоӣ, ки барои артиши Украина мавод интиқол медод, дар Баҳри Сиёҳ тавассути неруҳои Русия нобуд карда шуд”.

Дар идомаи ин баёния омадааст, ки чаҳор қатораи ҳомили таҷҳизот барои артиши Украина дар вилояти Днепропетровск низ ҳадафи ҳамлаҳои артиши Русия қарор гирифтаанд.

Сарнагун шудани 317 паҳподи украинӣ

Вазорати дифои Русия дар бахши дигари баёнияи худ хабар додааст, ки неруҳои ин кишвар тайи шаби гузашта 317 фарванд паҳподи украиниро дар минтақаҳои гуногуни Русия сарнагун кардаанд.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки Маскав ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украинаро идома медиҳад. Ҳамаи ҷузъиёти ин амалиёт дар баёнияи Вазорати дифои Русия нашр шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

27.11.2026 15:00

Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд

Мавсума Муинӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти солонаи байниминтақавии Парлумонҳои Араб ва Осиёӣ: Ояндаи аҳолӣ ва рушди устувор дар самти тавонмандсозии занону ҷавонон, баробарӣ, тандурустӣ ва некӯаҳволӣ, ки дар шаҳри Коломбои Шри Ланка доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.
27.11.2026 12:38

Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд

Дар ҳошияи конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо директори дафтари минтақавии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар шаҳри Боку Абдулҳаким бин Фаҳад бин Абдулазиз Алсенан баргузор гардид.
27.11.2026 12:14

Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, эълом кардааст, ки дар дидор бо Марк Рютте, дабири кулли Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), дар бораи ҷанги Русияву Украина, даргириҳои Эрон ва афзоиши хароҷоти дифоии кишварҳои узви ин паймон гуфтугӯ кардааст.
27.11.2026 12:10

Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод

Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар шабона ба зерсохторҳои логистикии Украина ҳамла кардаанд. Ин вазорат ҳамчунин, гуфтааст, ки 317 паҳподи украинӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия сарнагун шудаанд.
27.11.2026 09:49

Масъалаи бунёди неругоҳҳои хурди атомӣ дар Тоҷикистон омӯхта мешавад

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини директори генералии намояндагии Корпоратсияи давлатии «Росатом» дар Осиёи Марказӣ Дмитрий Константинов мулоқот намуд.
27.11.2026 08:19

Макрон: “Қатъи ҳимоят аз Украина амнияти Аврупоро ба хатар рӯбарӯ мекунад”

Раисҷумҳури Фаронса мегӯяд, ҷанги Украина барои Аврупо масъалаи ҳаётӣ аст ва дар сурати танҳо гузоштани Киев, кишварҳои аврупоӣ амнияти худро дар кӯтоҳмуддат ва миёнамуддат ба хатар рӯбарӯ хоҳанд кард.
27.11.2026 08:09

Вазири корҳои дохилӣ бо сафири Кувайт дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Имрӯз, 26-уми ноябр дар Душанбе вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо сафири навтаъини Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мулоқот намуд.
27.11.2026 07:07

Тоҷикистону Полша масоили саёсӣ ва тиҷориву фарҳангиро баррасӣ карданд

Имрӯз, 26-уми ноябри сол дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух бо мушовири президенти Ҷумҳурии Полша Радослав Грук мулоқот намуд.
26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.