Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
Хабаргузории “ТАСС” бо истинод ба санади Шурои Иттиҳоди Аврупо хабар додааст, ки ин тасмим пас аз анҷоми марҳалаи ҳуқуқии омодасозии буҷаи кумаки Украина барои соли 2027 гирифта шудааст.
Комиссияи Аврупо ҷудо кардани ин маблағро рӯзи 30-юми октябр тасвиб карда буд. Аз 45 миллиард еврои пешбинишуда 31,7 миллиард евро барои хариди силоҳ ва 13,3 миллиард евро барои пуштибонии буҷаи Украина равона мешавад.
Ҳамзамон, ду пешниҳоди дигари молӣ ҳанӯз ниёз ба мувофиқа доранд.
Ба навиштаи “ТАСС”, баррасии ин ду пешниҳод аз мавзуъҳои асосии нишасти Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд, ки рӯзҳои 26 ва 27-уми ноябр баргузор мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад