Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад
Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Масъалаи бунёди неругоҳҳои хурди атомӣ дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини директори генералии намояндагии Корпоратсияи давлатии «Росатом» дар Осиёи Марказӣ Дмитрий Константинов мулоқот намуд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо дар суҳбат масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла омӯзиши масъалаи бунёди неругоҳҳои хурди атомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Ҷонибҳо оид ба зарурати омӯзиши ҳамаҷонибаи имкониятҳои техникӣ, иқтисодӣ ва экологӣ, инчунин масъалаҳои таъмини бехатарӣ ва омода намудани мутахассисони соҳа табодули назар намуданд, - навиштааст манбаъ.
Ҳамчунин, ҷонибҳо барои идомаи муколама ва баррасии имкониятҳои густариши ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн омодагиашонро изҳор доштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд
Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд
Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд
Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод