Кореяи Шимолӣ тавлиди силоҳҳои ҳастаиро ба сатҳи бесобиқа расондааст
Макрон: “Қатъи ҳимоят аз Украина амнияти Аврупоро ба хатар рӯбарӯ мекунад”
Домоди Трамп: “Ҳамаи гузинаҳо алайҳи Эрон рӯи миз аст”
Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Макрон: “Қатъи ҳимоят аз Украина амнияти Аврупоро ба хатар рӯбарӯ мекунад”
Раисҷумҳури Фаронса мегӯяд, ҷанги Украина барои Аврупо масъалаи ҳаётӣ аст ва дар сурати танҳо гузоштани Киев, кишварҳои аврупоӣ амнияти худро дар кӯтоҳмуддат ва миёнамуддат ба хатар рӯбарӯ хоҳанд кард.
Ба гузориши расонаҳои Фаронса, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, дар як нишасти хабарӣ бо ишора ба коҳиши ҳимоятҳои Иёлоти Муттаҳида аз Киев аз оғози соли 2025 таъкид кардааст, ки дар шароити кунунӣ кумакҳои Иттиҳоди Аврупо ба Украина нақши калидӣ доранд.
Ӯ бо таъкид ба зарурати таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳои таърихӣ гуфтааст, ки ҷанги Украина масъалаи ҳаётӣ барои амнияти Аврупо мебошад.
Макрон афзудааст: “Агар Киевро ба ҳоли худ раҳо кунем, амнияти худамонро дар кӯтоҳмуддат ва миёнамуддат ба хатар андохтаем”.
Раисҷумҳури Фаронса ҳамчунин, бо ишора ба вазъи кишварҳои аврупоӣ гуфтааст, ки ин хатар метавонад на танҳо дар миёнамуддат, балки дар кӯтоҳмуддат низ ба воқеият табдил шавад.
Таъкиди Макрон ба узвияти Украина дар НАТО
Ин дар ҳолест, Макрон қаблан низ бо ишора ба тавонмандии низомии Украина гуфта буд, ки ин кишвар дорои артиши қавӣ ва хеле муҷаҳҳаз аст. Ба гуфтаи ӯ, Аврупо бояд масъалаи узвияти Киев дар Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро бори дигар баррасӣ кунад.
Раисҷумҳури Фаронса ин мавқеъро пас аз нишасти сарони кишварҳои ҳомии Украина, ки бо номи “Эътилофи ихтиёриён” дар Берлин, пойтахти Олмон, баргузор шуд, баён кардааст.
Макрон дар ин нишаст гуфтааст: “Ба назари ман, мо бояд масъалаи узвияти Украинаро дар НАТО бори дигар баррасӣ кунем”.
Ӯ ҳамчунин, иддао кардааст, ки узвияти Украина дар НАТО бо амнияти Аврупо “иртибот” дорад.
Макрон дар идома гуфтааст, ки Украина хостори узвият дар НАТО ва Иттиҳоди Аврупост, аммо Русия бо пайвастани Киев ба НАТО мухолифат мекунад ва аз Украина мехоҳад, ки аз ин хостаи худ даст кашад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд
Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд
Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд
Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод