Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Домоди Трамп: “Ҳамаи гузинаҳо алайҳи Эрон рӯи миз аст”
Ҷаред Кушнер, домод ва намояндаи президенти ИМА дар музокироти байналмилалӣ, мегӯяд, ки Доналд Трамп тамоми гузинаҳоро барои бархӯрд бо Эрон боз нигоҳ доштааст.
Ҷаред Кушнер шоми чоршанбе дар мусоҳиба бо подкасти “МД Митс” (MD Meets) гуфтааст, ки мавқеи кишварҳои аврупоӣ дар мавриди ҷанг алайҳи Эрон камтар аз интизори Вашингтон будааст.
Ӯ дар бахши дигари мусоҳибааш ба масъалаи ҷанги Ғазза ишора карда, гуфтааст, ки ба ҷойи бозсозии ин минтақа дар шакли пешина, бояд онро ба як минтақаи нав табдил дод.
Ин мақоми Кохи Сафед гуфтааст, ки халъи силоҳ дар Ғазза, таъсиси ҳукумати нав ва қабули қонунҳо барои ҷалби сармоягузорӣ вазифаҳои душвор мебошанд, аммо бояд барои иҷрои онҳо талош кард.
Кушнер ҳамчунин, иддао кардааст, ки мувофиқати ҲАМОС бо нақшаи роҳи супоридани силоҳҳояш дар натиҷаи ҳамоҳангӣ бо кишварҳои арабӣ ба даст омадааст.
Вай дар идома гуфтааст, ки барои бозсозии Ғазза маблағи назаррасе ҷамъоварӣ кардаанд ва ин маблағ ба минтақа ихтисос дода мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад