Вазири корҳои дохилӣ бо сафири Кувайт дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистону Полша масоили саёсӣ ва тиҷориву фарҳангиро баррасӣ карданд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Вазири корҳои дохилӣ бо сафири Кувайт дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Имрӯз, 26-уми ноябр дар Душанбе вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо сафири навтаъини Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мулоқот намуд.
Тавре, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ навиштааст, дар вохӯрӣ аз муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои созандаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт сухан рафта, таъкид гардид, ки густариши робитаҳои дуҷониба ба манфиати ҳар ду кишвар мебошад.
Ба навиштаи манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон андешаронӣ намуда, таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ҷиноятҳои киберӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд
Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд
Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд
Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод