Кореяи Шимолӣ тавлиди силоҳҳои ҳастаиро ба сатҳи бесобиқа расондааст
Макрон: “Қатъи ҳимоят аз Украина амнияти Аврупоро ба хатар рӯбарӯ мекунад”
Домоди Трамп: “Ҳамаи гузинаҳо алайҳи Эрон рӯи миз аст”
Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Кореяи Шимолӣ тавлиди силоҳҳои ҳастаиро ба сатҳи бесобиқа расондааст
Раҳбари Кореяи Шимолӣ зимни боздид аз таъсисоти тавлиди маводи ҳастаӣ, хостори истифодаи силоҳҳои ҳастаии тактикӣ дар доираи васеи маъмуриятҳои низомӣ шудааст.
Ба гузориши расонаҳо, Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, рӯзи чаҳоршанбе аз таъсисоти тавлиди маводи ҳастаӣ ва Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти атомии ин кишвар боздид кардааст.
Хабаргузории марказии Кореяи Шимолӣ (KCNA) субҳи панҷшанбе гузориш додааст, ки Ким Чин Ин дар ин боздид бо ишора ба расидани тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ ба сатҳи бесобиқа, хостори истифодаи онҳо дар доираи васеи маъмуриятҳо шудааст.
Ӯ дар ин замина гуфтааст, ки Кореяи Шимолӣ барои тақвият ва пешрафти зарродхонаи ҳастаии худ, ба таври мунтазам ва пайваста зарфияти тавлиди маводи ҳастаиро густариш медиҳад.
Бар асоси ин гузориш, раҳбари Кореяи Шимолӣ ин иқдомро “муҳим ва фаврӣ” хонда, ба арзиши низомии чунин силоҳҳо дар ҷангҳои муосир ва “воқеияти ногузири ҳаммарз будан бо хатарноктарин кишвари душман” ишора кардааст.
Таъкиди Пхенян ба густариши зарродхонаи ҳастаӣ
Ким Чин Ин ҳамчунин, аз иқдомҳои Иёлоти Муттаҳида дар заминаи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ва истифодаи муштараки ин силоҳҳо барои эҷоди “иттиҳоди низомии ҷаҳонии ҳастаӣ” изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон бо идомаи чунин сиёсат, ба густариши силоҳҳои ҳастаӣ дар миёни муттаҳидони осиёии худ мусоидат мекунад.
Раҳбари Кореяи Шимолӣ бо таъкид ба он ки вазъи амниятии кишвараш тақвияти зарродхонаи ҳастаиро беш аз пеш зарурӣ месозад, изҳор доштааст, ки мақоми ҳастаии Пхенян бозгаштнопазир буда, дар Қонуни асосии ин кишвар сабт шудааст ва новобаста аз иддаоҳои хориҷӣ тағйир нахоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки Пхенян дар пайи дарёфти таъйид ё ба расмият шинохта шудани мақоми ҳастаии худ аз ҷониби ҳеч кишваре нест. Ба таъкиди ӯ, танҳо тавоноии Кореяи Шимолӣ барои “боздорандагӣ, назорат ва посухи мутақобил ба таҳдидҳои ҳастаӣ дар бадтарин ҳолат” аҳамият дорад.
Огоҳии Ким Чин Ин дар бораи дахолат ба умури дохилии кишвар
Раҳбари Кореяи Шимолӣ ҳамчунин, ҳушдор додааст, ки ҳар гуна талош барои инкор ё заиф кардани мақоми ҳастаии Кореяи Шимолӣ, ки дар Қонуни асосии ин кишвар сабт шудааст, нақзи бисёр хатарноки соҳибихтиёрӣ ва дахолат ба умури дохилии он маҳсуб мешавад.
Ӯ таъкид кардааст, ки Пхенян чунин иқдомро эълони ҷанг талаққӣ хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд
Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд
Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд
Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод