Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, корхонаи мазкур бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкор Давлатзода Абдулло бунёд гардидааст.
Гуфта мешавад, ки иншооти истеҳсолӣ аз ду ошёна иборат буда, дар масоҳати 0,06 гектар замин бунёд гардидааст. Корхона дар шафати роҳи автомобилгарди Балҷувон-Ховалинг ҷойгир аст.
“Дар корхона истеҳсоли нон ва намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ ба роҳ монда шуда, барои ин таҷҳизоти замонавии истеҳсолӣ насб гардидааст. Ба иттилои масъулон, таҷҳизоти мавҷуда ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ буда, имкони истеҳсоли маҳсулоти босифатро фароҳам меорад”, - навиштааст манбаъ.
Ба навиштаи манбаъ, дар корхона беш аз 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, ҳамзамон, дар марҳилаи сохтмони иншоот зиёда аз 13 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои муваққатӣ ҷалб карда шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад