Вазири корҳои дохилӣ бо сафири Кувайт дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистону Полша масоили саёсӣ ва тиҷориву фарҳангиро баррасӣ карданд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд
Мавсума Муинӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти солонаи байниминтақавии Парлумонҳои Араб ва Осиёӣ: Ояндаи аҳолӣ ва рушди устувор дар самти тавонмандсозии занону ҷавонон, баробарӣ, тандурустӣ ва некӯаҳволӣ, ки дар шаҳри Коломбои Шри Ланка доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.
Ба навиштаи маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Муинӣ баргузории чунин вохӯриҳоро дар самти пешбурди ҳуқуқи инсон, таъмини баробарии гендерӣ ва мубориза бо зӯроварии гендерӣ муҳим арзёбӣ карда, ҳозиринро дар доираи муколама ва мубоҳисаҳои судманд ба таҳияи нақшаи амал барои солҳои оянда, инчунин ташаккули уҳдадориҳои муштараки ҷонибҳо даъват намуд.
"Гуфта шуд, ки масъалаи занон, баробарҳуқуқии онҳо ва пешгирӣ аз зуроварӣ имрузҳо дар маркази рӯзномаи байналмилалӣ қарор дорад. Зеро занон тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва дар ташаккули ҷомеаҳо, инчунин дар пешрафт ва рушди давлату миллатҳо нақши муҳим ва ногусастанӣ доранд,", - зикр мегардад дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки дар идомаи суханонӣ Мавсума Муинӣ, таҷриба ва тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти амалишавии сиёсати баробарии гендерӣ, мутобиқи барномаҳои давлатӣ дар самти беҳтар намудани саломатии аҳолӣ, ҳифзи модару кӯдак, дастгирии оилаҳо, таҳкими мавқеи занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар муаррифӣ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд
Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд
Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд
Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод