Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд
Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд
Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, эълом кардааст, ки дар дидор бо Марк Рютте, дабири кулли Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), дар бораи ҷанги Русияву Украина, даргириҳои Эрон ва афзоиши хароҷоти дифоии кишварҳои узви ин паймон гуфтугӯ кардааст.
Ба гузориши расонаҳо, Трамп рӯзи панҷшанбе, 26-уми ноябр, бо нашри паёме гуфтааст, ки ин дидор шоми чаҳоршанбе дар иқоматгоҳи Мар-а-Лаго, воқеъ дар иёлати Флоридаи Амрико, баргузор шудааст.
Ӯ ин дидорро “бисёр муваффақиятнок ва таъсиргузор” тавсиф карда, гуфтааст, ки ҷанги Русияву Украина ва даргириҳои Эрон аз меҳварҳои аслии гуфтугӯҳои ду тараф будааст.
Ба гуфтаи Трамп, ду тараф ҳамчунин, дар бораи зарурати худдорӣ кардани Русия ва Украина аз иқдомҳое, ки ба таври қасдӣ ё ғайриқасдӣ боиси густариши ҷанг мешаванд, гуфтугӯ кардаанд.
Ӯ афзудааст, ки дар ин дидор бар аҳамияти ҳарчи зудтар расидан ба роҳи ҳалли мусолиматомез низ таъкид шудааст.
Бунёди беш аз 20 таъсисоти нави низомӣ дар Амрико
Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар идомаи паёми худ гуфтааст, ки ширкатҳои дифоии Амрико дар ҳоли сохтани беш аз 20 таъсисоти нави низомӣ ҳастанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз бунёди ин таъсисот тавлиди сомонаҳои дифои мушакӣ ва дигар силоҳҳои ҳамлавар ва дифоӣ мебошад.
Трамп дар бораи ҷузъиёти бештар аз натиҷаҳои ин дидор ва гуфтугӯҳо бо дабири кулли НАТО маълумоти иловагӣ ироа накардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд
Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд
Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд
Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод