Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
24-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири кулли ЮНЕСКО Холид Ал-Анонӣ мулоқот кард.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО-ро дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи пиряхҳо ва масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба навиштаи манбаъ, таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера (2025–2034), омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2028 дар шаҳри Душанбе, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036), Ҷоизаи байналмилалии оби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, масъалаи таъсиси намояндагии доимии ЮНЕСКО дар Душанбе зоҳир гардид.
Гуфта мешавад, ки дар охир ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад