Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Ҳизби “Яшар” бо раҳбарии Гади Айзенкот, раиси пешини Ситоди кулли артиши Исроил, дар пайи интихоботи моҳи гузашта бо яке аз аҳзоби мухолифи ростгаро барои ташкили эътилофи ҳукуматӣ ба созиш расидааст. Ин нахустин созиши эътилофӣ миёни аҳзоби сиёсӣ пас аз интихобот ба шумор меравад.
Бино ба гузориши хабаргузории “Ройтерз”, ки субҳи чоршанбе, 25-уми ноябр, нашр шудааст, ҳизби “Яшар” эълон кардааст, ки Айзенкот қаблан бо Авигдор Либерман, раҳбари ҳизби “Исроил хонаи мост”, мулоқот карда, сипас ҷонибҳо барои ташкили эътилоф ба мувофиқа расидаанд.
Бар асоси ин гузориш, Исҳоқ Ҳерсог, президенти Исроил, масъулияти ташкили ҳукумати навро ба Айзенкот супурдааст. Бо вуҷуди ин, Бинёмин Нетаняҳу ҳанӯз ҳам дар мақоми сарвазири муваққат фаъолият дорад.
Дар интихоботи ахир эътилофи таҳти раҳбарии ҳизби ростгарои “Ликуд”-и Нетаняҳу, ки аз аҳзоби ростгарои ифротӣ ва гурӯҳҳои яҳудиёни ифротӣ иборат аст, натиҷаи беҳтар аз пешбиниҳоро ба даст овард. Аммо ин эътилоф натавонист аксарияти курсиҳои парлумонро соҳиб шавад.
Тибқи натиҷаҳои эълоншуда, эътилофи ҷонибдори Нетаняҳу аз 120 курсии Кнессет (парлумони Исроил) 53 курсиро дар ихтиёр дорад. Дар муқобил, ҳизби “Яшар” бо шарикони эътилофии худ соҳиби 48 курсӣ мебошад.
Бо вуҷуди ин, Айзенкот ва ҳампаймононаш метавонанд барои ташкили ҳукумат ба пуштибонии аҳзоби намояндаи ақаллияти араб дар Исроил низ умед банданд. Ин аҳзоб дар маҷмуъ 19 курсӣ доранд ва мисли Айзенкот аз мухолифони сарсахти Нетаняҳу ба шумор мераванд.
Ташкили ҳукумати нав аз он вобаста аст, ки Айзенкот то чӣ андоза метавонад пуштибонии аҳзоби дигарро ба даст орад ва аксарияти заруриро дар Кнессет таъмин кунад. Созиши ахир қадами аввал дар ин самт аст, аммо ҳанӯз маънои ташкили ниҳоии ҳукуматро надорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад