Дар Душанбе мизи мудаввари "Тоҷикистон ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё" баргузор мешавад
1 июн дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мизи мудаввари "Тоҷикистон ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё" баргузор мешавад. Ташкилкунандагони мизи мудаввар сомонаи иттилоотии Dialog.TJ ва Бунёди "Гуфтугӯи тамаддунҳо" мебошанд.
Дар чорабинӣ, ки дар он олимон ва коршиносон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ходимони ҷамъиятӣ ширкат меварзанд, нуқтаҳои мусбӣ ва манфӣ барои Тоҷикистон дар робита бо васеъшавии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё пас аз ба ин иттиҳодия ворид шудани Қирғизистон баррасӣ хоҳад шуд. Вуруди Қирғизистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё барои Тоҷикистон чӣ маъно дорад? Оё Тоҷикистон бояд ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ворид шавад ё беҳтар аст ки масофаро нигоҳ дорад? Тоҷикистон аз ҳамгироии эҳтимолии Авруосиё чӣ ба даст меорад ва чӣ аз даст медиҳад? Ба ин ва дигар саволҳо коршиносони маъруфи тоҷик посух меҷӯянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”