26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:18, Душанбе
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.

Бино ба гузориши расонаҳо ниҳоди танзимкунандаи бозори энержии Британия (Ofgem) рӯзи чоршанбе, 25-уми ноябр, эълон кардааст, ки аз 1-уми январи соли 2027 хароҷоти миёнаи солонаи хонаводаҳо барои истифодаи газ ва барқ аз 1 ҳазору 723 фунт ба 2 ҳазору 166 фунт мерасад.

Ин тағйирот маънои онро дорад, ки ҳар хонавода ба ҳисоби миёна дар як сол 443 фунт бештар барои пардохти ҳаққи неруи барқ ва газ харҷ хоҳад кард. Ба гуфтаи “Ofgem”, ин баландтарин нишондиҳанда дар тақрибан чаҳор соли охир ба шумор меравад.

Ин қарор тақрибан 20 миллион хонаводаи бритониёиро фаро мегирад. Қаблан, моҳи октябри соли ҷорӣ низ ҳадди ниҳоии нархи неруи барқ ва газ барои сокинон чаҳор дарсад боло бурда шуда буд.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, болоравии нархи газ дар бозори яклухти Британия дар се моҳи охир тақрибан 33 дарсадро ташкил додааст. Давом ёфтани танишҳо дар Ховари Миёна ва гарон шудани газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз омилҳои асосии ин тағйирот арзёбӣ мешаванд.

Бар асоси нархҳои нави эълоншуда, аз оғози соли 2027 арзиши истифодаи газ барои сокинон - оилаҳо 37,5 дарсад ва неруи барқ 24,2 дарсад боло меравад.

Нил Кенвард, яке аз масъулони баландпояи “Ofgem”, гуфтааст, ки идомаи танишҳо дар Ховари Миёна хароҷоти таъмини неруи барқ ва газро афзоиш додааст. Ба гуфтаи ӯ, болоравии нархҳо дар остонаи фасли сармо боиси нигаронии хонаводаҳои зиёде хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои мубориза бо фақри энержӣ ҳушдор медиҳанд, ки болоравии нави нархҳо фишори молии хонаводаҳои камдаромадро бештар мекунад. Ба гуфтаи онҳо, бисёре аз сокинон метавонанд барои пардохти хароҷоти гарм нигоҳ доштани манзили худ ба мушкил рӯбарӯ шаванд.

Натиҷаҳои назарсанҷии тозаи муассисаи “Юсуич” низ нишон медиҳанд, ки беш аз 9 миллион хонавода дар остонаи зимистон аз ширкатҳои таъминкунандаи неруи барқ ва газ қарздор ҳастанд ё дар ҳисоби худ маблағи кофӣ надоранд.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, 43 дарсади муштариён ният доранд, ба ҷойи истифодаи васоили гармидиҳӣ, либоси бештар пӯшанд. Ҳамчунин, ҳашт дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки барои пардохти ҳаққи неруи барқ ва газ маҷбур мешаванд хароҷоти хариди маводи ғизоиро кам кунанд.

Ҳукумати Британия барои коҳиш додани фишори молӣ ва дастгирии хонаводаҳо ваъда додааст, ки аз моҳи январ ба хонаводаҳои дорои шароити зарурӣ кумакпулии якдафъаинаи 100-фунтӣ пешниҳод мекунад. Аммо афзоиши 443-фунтии хароҷоти солонаи энержӣ нигарониҳоро дар бораи кофӣ набудани ин кумаки молӣ бештар кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дурнамои бозори энержии Британия низ номуайян боқӣ мемонад. Ширкати таъминкунандаи неруи барқ ва гази “EDF” пешбинӣ кардааст, ки нархи энержӣ дар баҳори соли оянда низ метавонад боло равад ва хароҷоти миёнаи солонаи хонаводаҳо дар тӯли соли 2027 аз 2 ҳазор фунт бештар боқӣ монад.

Афзоиши нархи энержӣ дар ҳолест, ки иқтисоди Британия дар солҳои охир аз паёмадҳои хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо, ҳамагирии коронавирус, ҷанги Украина ва танишҳои низомӣ дар Ховари Миёна таъсир пазируфтааст. Дар натиҷа, миллионҳо хонавода бо афзоиши хароҷоти зиндагӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Омори расмӣ нишон медиҳад, ки сатҳи таваррум дар Британия моҳи октябр ба 3,6 дарсад расидааст. Ин нишондиҳанда баландтарин сатҳ дар як соли охир арзёбӣ мешавад.

Афзоиши нави ҳаққи истифодаи неруи барқ ва газ метавонад талошҳои ҳукумати Британияро барои коҳиш додани таваррум ва сабук кардани вазъи иқтисодии хонаводаҳо боз ҳам душвортар кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.