27 Сентябр 2026,
якшанбе, 18:32, Душанбе
11.12.2025 11:10

И. Усмонов: “Ин кишварҳо бо тамоми қувваи худ кӯшиш мекунанд, ки ҷанг ба анҷом нарасад”

Оё сулҳсозии Амрико дар муноқишаи Украина ва Русия бо роҳбарии президенти ин кишвар - Доналд Трамп ба пирӯзӣ мерасад ё на, ба ин раванд кадом қувваҳо ва чӣ гуна таъсир мерасонанд, шаваи ин сулҳсозӣ барои ҷонибҳо то кадом андоза дуруст аст ва баррасии чанд нуктаи дигари яке аз доғтарин мавзуъҳои имрӯзи ҷаҳон дар суҳбати донишманди тоҷик Иброҳим Усмонов.  

- Гумон мекунам талоши сулҳе, ки байни Русия ва Украина ба амал омад хусусияти тамоман нав пайдо кард. Ин хусусият амалан ба ҷанг ҳамроҳ шудани Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ҳаст. Онҳо гӯё ҷанг намекунанд, вале мавқеи байни ҳардуи онҳо муайянкунандаи воқеаҳои Украина шудааст. Дар ин ҳолат чӣ чиз ба назар мерасад? Ба назар мерасад, ки Авропо (он мамлакатҳоеро дар назар дорам, ки дар ин воқеаҳо саҳм доранд) худро соҳиби дунё шинохтан мехоҳанд. Гумон мекунанд, ки ғалабаи Русия дар ин ҷанг боиси дар арсаи байналмилалӣ беобрӯ шудани Иттиҳоди Аврупо мешавад. (Шояд ҳамин гуна ҳам шавад). Бинобар ин, ин кишварҳо бо тамоми қувваи худ кӯшишу талош мекунанд, ки ҷанг ба анҷом нарасад. Аз тарафи дигар, Аврупо медонад, ки азбаски дар шуруъ шудани ин ҷанг, дар идомаи он, дар истифодаи қонунӣ ё ғайриқонунии он сабабгор аст, бояд масъулият нишон диҳад. Яъне дар Суди байналмилалӣ, дар назди башар ва дар назди дигар қонунҳои ҷаҳонӣ ҷавоб диҳад. Бинобар ин, Аврупо тамоми талоши худро ба он равона кардааст, ки ҷанг тамом нашавад.

Барои Аврупо муҳим ин нест, ки дар ин ҷанг кадом қувва пирӯз мешавад, барои он муҳим будани ин ҷанг аст. Чун ҷанг аст Аврупо оромтар аст ва ҷанг ки набошад, Аврупо ба он бадбахтиҳое, ки дар муддати 4 сол ба амал омад, бояд ҷавоб диҳад. Бинобар ин, Иттиҳоди Аврупо ҳатто ба “корфармои” худ – ба ИМА дар шахси президенти имрӯзаи ин кишвар муқобил истодааст. Иттиҳоди Аврупо имрӯзҳо кӯшиш дорад, ки ИМА-ро аз роҳи сулҳсозиаш боз дорад.

Доналд Трамп, президенти Амрико албатта талош мекунад, ки сулҳ барқарор шавад. Ин ба гумони ман маънои онро надорад, ки Трамп нисбат ба Аврупо бештар ба Русия таваҷҷуҳ дораду манфиати русҳоро ба назар мегирад. Не. Вай ростқавл будани худашро исбот кардан мехоҳад. Дар маъракаи пешазинтихоботии Амрико низ Трамп мегуфт:  “Нотавонии президенти Амрико аст, ки ин ҷанг давом дорад. Ман ки, президент шудам ба зудӣ дар он ҷо сулҳ ба вуҷуд меорам”. Трамп, яъне ҳамон ваъдаашро иҷро кардан мехоҳад. Ӯ нишон додан мехоҳад, ки ҳақиқатан вай сазовори роҳбари Амрико будан аст. Ӯ сухани гуфтаашро иҷро кардан мехоҳад ва барои ҳамин талош мекунад, ки бо ҳар васила аз Русия дастгирӣ кунад. Дастгирӣ кардан ба он маъно аст, ки Русияро ба сулҳ расонад. Аз ҳамин сабаб, ӯ гоҳе аз роҳбарияти Русия розӣ ва гоҳи дигар ба он бо шубҳа нигоҳ мекунад, гоҳе дар бораи роҳбарияти Украина бо лаҳни тунд сухан мегӯяд ва гаҳи дигар бо шикебоӣ. Яъне дар ҳама ҳолат мехоҳад ба қавли додааш вафо кунад.

- Русия дар Украина чӣ мехоҳад? Пеш аз он ки ба ин масъала ибрози назар намоям, мехоҳам ба як нукта ишора кунам. Ҳар он чи ки имрӯз дар Украина ба амал меояд – ҷангу куштор бо сабаби қонунвайронкунӣ ва қонуннописандии иддае аз роҳбарони охири Шӯравӣ ба амал омад. Халқи Шӯравӣ соли 1991-ум дар раъйпурсӣ эълон кард, ки Шӯравиро боқӣ нигоҳ медоранд. Яъне вақте ки раъйпурсии умумихалқӣ эълон кард, касе ҳақ надошт, ки онро ба назар нагирад. Вале роҳбари ин се давлат – Русия, Белорусия, Украина дар чӣ ҳолате ба машварат рафта, ин сохтро барҳам доданд. Яъне ин се роҳбар барҳам доданд, на халқ ва онҳо азбаски худхоҳона, ғайриқонунӣ ва аз рӯйи хоҳиши яклаҳзаинаи худ ин корро анҷом доданд, дар натиҷа раванди пурусаи ба давлатҳо ҷудо шудани Иттиҳоди Шӯравӣ вайрон шуд. Барои дарки ин масъала мехоҳам як нуктаро таъкид кунам. Вақте ки дар замони Горбачёв ҷумҳуриҳои назди Балтика аз ҳайати ИҶШС баромадан хостанд, 3 сол муҳлат дода шуд, то ки онҳо робитаҳои мавҷударо ба таври қонунӣ қатъ кунанд. Аммо дар ҳолати барҳам додани Иттиҳоди Шӯравӣ онҳо зуд қарор қабул карда ва онро барҳам доданд. Дар натиҷа замини бисёр ҷумҳуриҳо ва аҳолии онҳо дар ҳамдигар монданд. Ин ҳолат табиатан муноқиша ба вуҷуд меоварад. Ин ҳолат дар Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, Молдава ва ғайра муноқиша ба вуҷуд овард ва имрӯз дар Украина низ. Яъне он минтақаи Украина ки аслан минтақаи таърихан руснишин буд, (инро роҳбарияти худи Украина низ тасдиқ мекунад) ба ин моҷаро кашида шуд. Украина ба ин халқи бумии рус гуфт, ки метавонед заминро гузошта баромада равед. Яъне таҳқири ин халқ шуруъ шуд. Аз ҳамин сабаб, ин ҷангро Русия не, онро гӯё ҳамон халқи русе, ки дар ҳудуди Украина зиндагӣ мекард, шуруъ кард ва аслан он халқ шуруъ накард, он халқ дар натиҷаи таҳқири худ, талаб кард, ки арзишҳояш поймол нашаванд. Ин гуна ҳолатҳои талоши қавмӣ ва ё диниву нажодӣ дар тамоми минтақаи дунё, аз Осиё то Аврупову Африқо дида мешавад. Яъне халқ ҳуқуқи поймолшудаи худро бақарор кардан ва ба бақои худ пайванд будан мехоҳад.

Мутаассифона ҷанг хеле кашол ёфт. Аврупоиҳо гуфтанд, Путин мехоҳад, ки ба Аврупо ҳам ҳуҷум кунаду оромии онҳоро барҳам диҳад. Чунин дурӯғҳоро онҳо барои идома ёфтани ҷанг эҷод мекунанд. Бинобар ин, ба гумонам ин ҷанг шояд то баҳори соли дигар идома ёбад. Дар ин бора бар он назарам, ки дар ин ҷанг барои пирӯз шудани Русия набояд шубҳа вуҷуд дошта бошад. Зеро инро ҳолати имрӯзаи ҷанг ифода мекунад. Вале ҳарчӣ тезтар тамом шудани он албатта ба манфиати ҳамаи тараф аст. Зеро на халқи рус ва на халқи украин намехоҳанд, ки ин ҷанг вуҷуд дошта бошад. Ин хоҳиши халқ нест, ин хоҳиши эгоистии онҳое аст, ки низоъ андохтан мехоҳанд.

Мавқее, ки ИМА бо роҳбарии Трамп тақрибан дар 1 соли охир дорад, барои шароити имрӯза ба манфиати ин кишвар аст. Бовар дорам, ки ин мавқеъ муваффақ мешавад ва ба ҳадаф мерасад.     

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.