Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, бинои нав барои фарогирии 432 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои нӯҳ синфхонаи таълимӣ мебошад. Сохтмони иншоот бо ҷалби сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорони ватанӣ амалӣ гардида, арзиши умумии он 1 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ меафзояд, ки ба истифода додани бинои иловагӣ имкон медиҳад, ки шумораи ҷойҳои нишаст дар муассисаи таълимӣ зиёд гардида, хонандагон дар шароити беҳтар ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
“Ифтитоҳи бинои иловагӣ дар деҳаи Деҳлоли ноҳияи Муъминобод дар ҳоле сурат мегирад, ки бо ҷалби имкониятҳои буҷетӣ, соҳибкорон ва саҳми сокинон дар минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ идома дорад. Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо синфхонаҳои иловагӣ яке аз тадбирҳо дар самти беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсили хонандагон ба ҳисоб меравад”, - навиштааст хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад