27 Сентябр 2026,
якшанбе, 22:42, Душанбе
16.01.2024 12:46

Соли экология Дар созмони Ҳамкории Шанхай Оғоз ефт

Соли экология дар созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раесати Қазоқистон оғоз ефт. Дар ин бора Рӯзи душанбе Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров хабар дод, Хабар Медиҳад "Синьхуа".

"Давлатҳои аъзо моҳи июли соли гузашта якдилона ташаббуси Қазоқистонро барои соли 2024 эълон кардани соли экология дар СҲШ дастгирӣ карданд. Дар моҳи октябри соли 2023 нақшаи чорабиниҳои дахлдор аз ҷониби шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ таҳия ва тасдиқ карда шуд", — гуфт А.Смадияров дар брифинг.

Вай қайд кард, Ки Соли экология ДАР СҲШ бо пешниҳоди Қазоқистон бо баргузории чорабиниҳои мавзӯъӣ дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин аксияҳои Котиботи СҲШ оғоз меебад.

Дар маҷмӯъ, дар доираи лоиҳа ташкилотҳои экологӣ тақрибан 20 чорабинии муштарак, аз ҷумла бахшида ба рӯзи ҷаҳонии муҳити зист, рӯзи ҷаҳонии захираҳои об, рӯзи Байналмилалии гуногунии биологӣ ва рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҷангалро ба нақша гирифтаанд.

"Мо чорабиниҳои ташаббускори раесати Қазоқистонро ҳамчун саҳми назарраси Созмон дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ баррасӣ мекунем. Қазоқистон минбаъд низ ба андешидани чораҳои амалии созмони Шанхай дар ҳифзи муҳити Зист мусоидат хоҳад кард", - хулоса Кард А.Смадияров.

Манбаъ: НИАТ Ховар

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.