Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Нигина Ализода дар нишасти 31-уми Конфронси кишварҳои узви Конвенсияи манъи силоҳи кимиёӣ ширкату суханронӣ кардааст.
Бар асоси иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нишасти манъи силоҳҳои кимиёвӣ аз 23 то 27-уми ноябр дар шаҳри Гаагаи Нидерландия доир мешавад.
Нигина Ализода дар суханронии худ афзуд, ки Тоҷикистон ба иҷрои пурра ва самараноки Конвенсияи манъи силоҳи кимиёӣ пойбанд мебошад. Ӯ гуфт Конвенсияи манъи силоҳҳои кимиёвӣ яке аз воситаҳои муҳимми таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ва халъи силоҳ ба шумор меравад.
Муовини Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин, ба зарурати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва расондани кумаки техникӣ дар доираи ин конвенсия ишора кардааст.
Бар асоси иттилои манбаъ, яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ӯ густариш ёфтани имконияти кишварҳо, омода кардани мутахассисони миллӣ ва мусоидат ба истифодаи осоиштаи илми химия ба манфиати рушди устувор дар Осиёи Марказӣ будааст.
Конвенсияи манъи силоҳи кимиёӣ истифода, истеҳсол, захира ва интиқоли силоҳи кимиёвиро манъ кардааст. Созмони манъи силоҳи кимиёӣ, ки қароргоҳаш дар шаҳри Гаага аст, иҷрои санадро назорат мекунад.
Ширкати намояндаи Тоҷикистон дар нишасти мазкур дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти назорати силоҳи қатли омм ва истифодаи осоиштаи технологияҳои кимиёӣ аз масъалаҳои муҳимми рӯзномаи амнияти ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад