Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар доираи сафари Рустам Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон як қатор ҳуҷҷатҳои нав ба имзо расиданд
8-9 январи соли ҷорӣ сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шаҳри Душанбе Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, Ки Дар ҷараени он Раиси Шаҳри Душанбе бо якчанд ширкатҳои технологӣ ва инноватсионӣ ва маҷмааҳои таърихию фарҳангии Теҳрон шинос шуд, хабар медиҳад Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Едовар мешавем, ки зимни ин сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва олӣ, аз ҷумла мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шаҳри Душанбе Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ, Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Бокир Колибоф Ва Раиси Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Баргузор гардид алиризой зоконӣ.
Дар натиҷаи сафари пурмаҳсули расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шаҳри Душанбе Муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ба ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҷмӯъ 15 санади нав оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ, ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, инчунин ҳамкории тиҷоративу истеҳсолӣ, ки ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, беҳтар намудани сармоягузорӣ равона шудаанд, ба имзо расиданд.иқлими кишвар, рушди истеҳсолоти ватанӣ, ҷорӣ Намудани Технологияҳои Муосир, Таъсиси сехҳои Нав Ва Густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан Судманди тиҷоративу Иқтисодии Тоҷикистону Эрон.
Дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳуҷҷатҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд:
- Меморандуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Меморандум байни мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии Шаҳри Душанбе ва раесат оид ба илм, технология ва соҳаҳои илмии иқтисодиети Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории илмӣ ва инноватсия;
Барномаи ҳамкории мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии Шаҳри Душанбе ва идораи шаҳри Теҳрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ.
Ҳамчунин дар доираи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни намояндагони бахши хусусӣ якчанд чорабиниҳо ва муколамаҳои судманд баргузор гардиданд, ки дар ҷараени онҳо як қатор созишномаҳо ва шартномаҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расиданд.
Ҳуҷҷатҳои имзошуда мутобиқи талаботи бозори минтақавию ҷаҳонии имрӯза бо истифода аз имкониятҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти кимиевӣ, бофандагӣ, сохтмонӣ, доруворӣ ва ғайра амалӣ карда мешаванд.
Бояд қайд кард, ки ҳамкории сохторҳои бахши хусусӣ байни ду давлат дар давраи истиқлолияти кишвар дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиатҳои тарафҳо амалӣ карда мешуд.
Дар маҷмӯъ, бо татбиқи ин санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба иқтисодиети ҷумҳурӣ ҷалби беш аз 1,3 миллиард сомонӣ дар назар аст.
Манбаъ: НИАТ Ховар
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”