Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
ТОҶИКИСТОН ДАР МУКОЛАМАИ МИНТАҚАВӢ ОИД БА ЛОИҲАИ "ИНФРАСОХТОРИ МУТАҚОБИЛАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ" ИШТИРОК НАМУД
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода 1-2-уми март дар шаҳри Истамбули Туркия дар муколамаи минтақавӣ оид ба лоиҳаи "Инфрасохтори мутақобилаи Осиёи Марказӣ" иштирок намуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар инфрасохтори минтақавии нақлиётӣ, логистикӣ ва энергетикӣ аҳамияти калон медиҳад.
Далели ин он аст, ки маҳз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳиссаи 21% дар гардиши умумии молҳои кишвар яке аз шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Дар доираи сессияҳои мавзуъӣ аз ҷониби Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои нав барои муҳокимаи минбаъда дар самтҳои нақлиёт ва логистика, энергетика ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пешниҳод карда шуданд.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”