Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Тоҷикистон ва Эрон ният доранд усулҳои нави ташхис ва табобатро ҷорӣ кунанд
Вазири тандурустӣ Ва ҳифзи иҷтимоии Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода Бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳакикиен мулоқот кард.
Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро дар бинои нави вазорат истиқбол кард ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари дӯсту бародарро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қайд кард.
Қайд карда шуд, ки соҳаҳои гуногуни гигиена, табобат ва илми тиббии Эрон, аз қабили ҷарроҳии дил, табобати бемориҳои чашм, иваз кардани сутунмӯҳра, протези пайвандҳо дар саросари ҷаҳон маъруфанд ва метавонанд ба идомаи ҳамкории ду кишвар дар рушди тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшанд.
Изҳори умед карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаи тандурустӣ минбаъд низ тақвият хоҳад ефт.
Ҷонибҳо мубодилаи афкор карданд ва масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, коркарди растаниҳои шифобахши маҳаллӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ карданд.
Манбаъ: НИАТ Ховар
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад