Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Саймумин Ятимов Ва Камчибек Ташиев Дар Баткен вохӯрданд
29 марти соли 2024 дар Шаҳри Баткени Вилояти Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Оид ба делимитатсия Ва демаркатсияи сарҳади давлатии тоҷикистону қирғизистон Саймумин Ятимов Ва Камчибек Ташиев баргузор гардид.
ДАР ин бора НИАТ Ховар бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Роҳбарони ҳайатҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муҳокимаи масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии тоҷикистону қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, оид ба муайян намудани минбаъдаи гузариши хатти сарҳади ду давлат дар қитъаҳои боқимонда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, инчунин ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии тоҷикистону қирғизистон супоришҳои мушаххас доданд, ки корро дар ин самт идома диҳанд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Манбаъ: Sugdnews
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад