27 Сентябр 2026,
якшанбе, 23:16, Душанбе
31.03.2024 17:19

Раҳмон аз ҳукумат назорати қатъии риояи қонунҳоро талаб кард

Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон аз аъзои ҳукумат ва ҷомеа даъват кард, ки қонунҳоро "дар Бораи ба танзим даровардани анъана, ҷашну маросимҳо" ва "дар Бораи масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд" қатъиян риоя намоянд, менависад НИАТ "Ховар".

Президент аз бисер ҳолатҳои вайрон кардани тартиби баргузории чорабиниҳо, аз ҷумла маросимҳои манъшудаи динӣ изҳори нигаронӣ кард. Вай инчунин зарурати ҳамкории самараноки мақомоти давлатӣ ва ҷомеаро барои риояи қонунҳо ва таъмини тарбияи дурусти кӯдакон таъкид кард. 

"Аз соли 2016 то имрӯз барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур 19 ҳазору 480 нафар, аз ҷумла 1170 омӯзгор ва 18 ҳазору 310 падару модар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд", — қайд намуд сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат супориш дод, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳад ва барои пешгирии экстремизм, хурофот ва вайрон кардани қонунҳо, инчунин баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳо андешад.

Манбаъ: Central Asia.news

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.