Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Президенти Тоҷикистон ба Эрон рафт
Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сарвари давлат дар маросими видоъ бо президент Сайидиброхим Раисӣ иштирок мекунад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти кишвар, 22 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ ва изҳори тасаллият дар робита ба марги фоҷиабори Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ба Теҳрон рафт.
Дар фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ баргузор карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ердамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Едовар мешавем, ки президентири 19 майи соли 2024 дар садамаи чархбол ҳалок шуд. Раисӣ дуюмин президенти Эрон аст, ки пас аз Муҳаммад Али Раҷай, ки дар таркиши соли 1981 кушта шуд, дар мақоми худ кушта шуд. Ҷанозаи Раиси 23 майи соли 2024 дар Мешхед, зодгоҳи президент, маросими дафни Ӯ дар мақбараи Имом Реза баргузор мешавад.
Манбаъ: SugdNews
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад