Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Шаҳри Қазони Федератсияи Россия рафт
21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Шаҳри Қазони Федератсияи Россия рафтанд.
Дар фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ердамчиени Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ Ва идоракунии амволи давлатӣ, директори Агентии Инноватсия ва технологияи рақамӣ, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Манбаъ: НИАТ Ховар
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”