26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:41, Душанбе
06.05.2024 19:01

Президент тағйироти кадрӣ анҷом дод

Бо мувофиқа Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони як қатор идораҳои Агентии Назорати маводи мухаддир дар Вилоятҳои Суғд, Хатлон, Шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

6 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти марказӣ таъиншударо барои сӯҳбат қабул кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Ҷопон, Ҷумҳурии Арабии Миср, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, инчунин муовини якуми директори Агентии назорати маводи мухаддир дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони раиси кумитаи Давлатии идоракунии замин ва геодезияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори ГУП "Бақайдгирии амволи ғайриманқул"-и кумитаи Давлатии идоракунии замин ва геодезияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ Ва Миенаи Касбии Назди Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон, муовини якуми директори агентии Таъмини амволи Махсуси назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми сардори хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини сардори раесати асосии геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон кадрҳои баландихтисос ва ботаҷриба дар ин соҳаҳо таъин карда шудаанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ҳаким ба вазифаи муовини якуми директори Агентии инноватсия Ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Яздонзода Исфандиер ва Бодуршозода Мералӣ – муовинони директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо мувофиқа Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони як қатор идораҳои Агентии Назорати маводи мухаддир дар Вилоятҳои Суғд, Хатлон, Шаҳри Душанбе, роҳбарони ду сохтори қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибихтисоси ин соҳаҳо таъин карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба ҳозирин дар бораи таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои шарики рушд, намояндагии арзандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҷалби сармоягузорӣ, сайеҳон ва технологияҳои муосир ба кишвар, афзоиши манбаъҳо ва ҳаҷми воридот ба буҷети давлатӣ, афзоиши захираҳои давлатӣ ва ҳифзи субот дар бозори истеъмолӣ, оптимизатсияи таъминоти ақибгоҳи қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, омодасозии Кадрҳои ҷавони ояндадор, таҳкими интизоми меҳнатӣ ва дар маҷмӯъ хизмати содиқона ва софдилона ба ватан.

Манбаъ: Sugdnews 

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.