26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:18, Душанбе
23.11.2026 12:14

Лаълии лимони дастархони оростаи Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Путинро ҷалб кард

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар сари дастархон ороста бо меваҷот Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия нишастаанд.

Владимир Рутин аз дастархони ороста бо ишораи даст ба Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад аз лаълии пур аз лимон, як лимон бардорад. Эмомалӣ Раҳмон ба тарҷумонаш ишора мекунад ва ӯ лаълии пур аз лимонро назди ӯ меорад. Владимир Путин як лимонро аз лаълӣ мебардорад ва онро бӯ кашида, онро наздикаш мегузорад.

Ин саҳнаи видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашри зиёд дорад ва ҳама дар шаҳрҳои худ аз амали Путин ситоиш намуда, гуфтаанд, ки ӯ аз дастархони Тоҷикистон лимон гирифтааст.

Нашри ин навор зоҳири амали Владимир Путин мебошад. Дар зерматни он метавон бисёр паёмҳои дипломатиро мушоҳида намуд. Зеро, дар ин шабу рӯз, махсусан дар шароите, ки ҷанги Украинаву Русия идома дорад, тими муҳофизатии Путин амнияти ӯро сахт таъмин ва назорат мекунанд.

Нишастани Путин дар сари дастархони ороста ва дар ҳузури расонаҳо гирифтани лимону бӯ кашидани он паёми хоси итминонбахши дипломатӣ дорад. Ин амал нишон медиҳад, ки Владимир Путин ба Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари дӯсти стратегӣ менигарад ва ба ҳама чиз эътимод дорад.

Бар асоси гузоришҳои бисёре аз расонаҳои ҷаҳонӣ амнияти ғизоии Владимир Путин ҳамеша аз ҷониби заррабини ниҳодҳои амниятии ин кишвар назорату таъмин мешавад. Владимир Путин дар сафарҳои хориҷ аз Русия дар мавриди ғизо ва дигар шароити буду бош тавсияҳои муҳимми тими муҳофизатиашро риоят мекунад. Бар асоси гузориши бархе расонаҳо Владимир Путин дар сафарҳои хориҷӣ ба амнияти ғизо ва маҳалли буду бошаш аҳамияти хос медиҳад. Тимҳои васеи муҳофизатӣ ҷои нишаст ва ҷойи мулоқоту музокироташро бо васоили амниятии хос бозррасӣ мекунанд.

Владимир Путин бо ҳаракати намодини гирифтани лумӯ ва бӯ кашидани он ба ҷомеаи Тоҷикистон паём фиристод, ки Федератсияи Русия ба ин кишвар бо диди дӯсти стратегӣ менигарад ва шарҳу тафсирҳои русбадбинона наметавонад бар рӯи равобити стратегии ин ду кишвар соя афканад.

Дар 20 соли охир расонаҳое, ки умдатар аз ҷониби грантҳои ғарбиҳо сармоягузорӣ мешуданд, бо матраҳ кардани мавзуоти зиддирусӣ фазои носолимеро дар муҳити фарҳангиву сиёсӣ ва расонаии ду кишвар ба вуҷуд овардаанд. Изи бархе чеҳраҳоро, ки бо ҳадафи тира намудани робитаҳои Русия ва Тоҷикистон бо таблиғоти зиддирусӣ машғул буданд, дар матбуоти Тоҷикистон метавон мушоҳида намуд. Созандагони ибораҳои “Равшану Ҷамшед”-ро низ метавон пайдо намуд ва онҳо ҳам резаҳои дастархони ниҳодҳои таҷассусии кишварҳо арабӣ мебошанд.

Ин ҳаракати намодини роҳбари як кишвари қудратманди ҷаҳон ба мо метавонад паёмҳои муҳимми миллӣ дошта бошад. Дар давроне, ки ҷаҳони турк дар паҳлуи кишвари турк бо роҳбараш Эрдуғон дар пайи бунёди иттиҳоди туркҳову муқобила бо нуфузи Русия дар Тоҷикистон аст, ин ҳаракат метавонад як паёми намодин дошта бошад ва он ин аст, ки Русия аз нигоҳи стратегӣ ба Тоҷикистон ниёз дорад. Чунин ниёзи страгеии Русияро, мо дар Фаластин, Эрон ва ҳатто Яману Ал-Ҷазоир ва бархе кишварҳои африқоӣ низ дида метавонем.

Дар стратегияи сиёсати хориҷии баъд аз ҷанги Украинаи Федератсияи Русия хеле чизҳо иваз шудаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мисли кишвари Озарбойҷон ба робитаҳои танготанги сиёсӣ бо Русия ниёз дорад.

Дар тайи чанд ҳафтаи охир баҳси ҳиҷобу риш дар сиёсати дохилии Озарбойҷон танишҳои мухталиферо дар пай дошт. Илҳом Алиев, ки поягузори тафаккури дунявият дар ин кишвар аст, оҳиста - оҳиста аз сиёсати идеологии Анқара фосила мегирад. Барои нахустин бор дар чанд соли ахир Илҳом Алиев ва мақомоти Туркия дар мавриди ҳиҷоб бо ҳам танишҳои лафзӣ доштанд. Ин танишҳо дар рӯйкарди сиёсати хориҷии Озарбойҷон албатта таъсир хоҳад дошт. Аз ин ҷост, ки Русия ва Озарбойҷон пас аз як даъвои сиёсӣ баъд аз суқути ҳавопаймои озарӣ дар хоки Русия равобити худро бо ин қудрати сиёсӣ тармим мекунанд. Баъди он танишҳои сиёсӣ Владимир Путин ва Илҳом Алиев дар мулоқотҳои дипломатӣ дар бораи  густариши равобити сиёсӣ ва дипломатӣ ҳарф заданд. Бо вуҷуди он ҳанӯз миёни Русия ва Озарбойҷон нофаҳмиҳои зиёд вуҷуд дорад ва асосан он вобаста ба гароишҳои ғарбгароёнаи Озарбойҷон вобаста мебошад.

Дар гузашта Тоҷикистон чунин равобитаи пуртаниш бо Русияро таҷриба карда буд. Махсусан, ҳодисаҳои марбут ба депорти муҳоҷирони тоҷикон ва нотаҳои эътирозии дипломатҳои тоҷику рус аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Тоҷикистон низ ба мисли Озарбойҷон равобити пуртаниш бо Русияро таҷриба кардааст.

Дар давоми ду ҳафтаи ахир, дар як фосилаи кӯтоҳ ин мулоқоти дуюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия мебошад. Ҳафтае қабл пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Русия сафар намуда, ҳарду дар мулоқоти алоҳида робитаҳои иқтисодиву амниятӣ ва дастаҷамъии Тоҷикистону Русияро баррасӣ карда буданд.

Дар мулоқоти дуҷонибаи президентҳо дар Русия масоили таъмини амнияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон матраҳ гардид ва Тоҷикистон аз кишварҳои аъзои СААД кумакҳои низомӣ дархост кард. Ин дархостҳо ва матраҳ шудани масъалаи таҳдидҳои амниятӣ аз сӯи Афғонистон аз ҷониби мақомоти тоҷик нишон медиҳад, ки Русия дубора сиёсати наверо дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ мехоҳад аз сар гирад.

Бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи ҷанги Русия бо Украина робитаҳои сиёсати хориҷии худро бознигарӣ кардаанд. Омадани Толибон ба сари қудрат ва ба расмият шинохта шудани ин гурӯҳ аз сӯи Русия ҳаракатҳои дипломатии бархе кишварҳои Осиёи Марказиро ба самту суи дигар тағйир дод.

Махсусан, робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо Амрико ба шакли дигар дар ҳоли шакл гирифтан мебошад. Сарозер шудани сармоягузорони амрикоӣ ба ин минтақа, дар давроне, ки Русия дар зери таҳримҳои ғарбӣ қарор дорад, аз диди стратегҳои Русия пинҳон нахоҳад монд.

Мулқоти вазирони хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио дар моҳи гузашта баёнгари он аст, ки Амрико дар канори ҷанги Русия бо Украина мехоҳад дар кишварҳои зери нуфзи он ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодияшро густариш диҳад. Дар канори  Амрико, Ҷопон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳинд ва Покистон бо ташкили мулоқоти панҷ ба иловаи як дар пайи густариши нуфузи иқтисодӣ ва сиёсии худ дар Осиёи Марказӣ аст. Ин рӯйкарди кишварҳои иқтисоди бузурги ҷаҳонӣ то чӣ қадр ба мазони Чину Русия хӯш меояд, вақт нишон хоҳад дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.