Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард
Муовини вазири дифои Русия, генерал-лейтенант Павел Фрадков дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар боздид карда, ба анҷоми сохтмони як қатор иншооти низомию иҷтимоӣ дастур додааст.
Дар ин бора рӯзи 17-уми ноябр хабаргузории давлатии Русия “ТАСС” бо истинод ба Вазорати дифои ин кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Фрадков ҷараёни рушди инфрасохтори пойгоҳҳои низомии Русияро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди санҷиш қарор додааст.
Дар Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба муовини вазири дифоъ дар бораи анҷоми сохтмони маркази фарҳангию фароғатӣ барои низомиён ва аъзои оилаҳои онҳо гузориш додаанд.
Ҳамчунин, Фрадков ба масъулони сохтмон супориш додааст, ки бунёди ошхонаи нави муосир барои хизматчиёни ҳарбиро то охири соли ҷорӣ ба анҷом расонанд.
Дар маркази алоҳидаи 1109-уми оптикӣ-электронӣ низ сохтмони маркази фарҳангию фароғатӣ ба итмом расидааст. Қарор аст, ин иншоот пас аз дастрас шудани таҷҳизоти варзишӣ мавриди истифода қарор гирад.
Дар ҷараёни боздид аз пойгоҳи ҳавоии 999-уми гвардиявӣ дар Қирғизистон низ Фрадков бо рафти корҳои навсозии инфрасохтори фурудгоҳ ва иншооти иҷтимоӣ шинос шудааст.
Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки муовини вазир пас аз анҷоми сафар барои иҷрои нақшаҳои рушди инфрасохтори низомӣ ва иҷтимоии пойгоҳҳои Русия як қатор дастурҳо додааст.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин иншооти низомии хориҷии ин кишвар дар минтақа ба шумор меравад. Қисмҳои он дар Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад