26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:18, Душанбе
18.11.2026 10:38

“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд

Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.

Бархе расонаҳои наздик ба мақомоти низомии Эрон аз он гузориш доданд, ки Эрон мушакҳои дурбурдашро ба самти Амрико ва Аврупо омодаи партоб кардааст. Аз сӯи дигар, расади ҳаракатҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна ва мавриди ҳадаф қарор додани системаи зиддиҳавоии Амрико дар Баҳрайн гумонзаниҳо дар мавриди тақвияти қудрати дифоии Эронро афзоиш додааст.

Бар хилофи хости Трамп мақомоти Эрон шарти хориҷ кардани урани ғанишуда аз Эронро қабул намекунанд ва Муҳсин Ризоӣ дабири Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки ҳатто як зара аз урани ғанишуда аз Эрон хориҷ нахоҳад шуд.

Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҷтабо Хоманаӣ дар як паёми катбӣ ба мақомоти низомии кишвараш дастур дод, ки дар сурати ҳамлаи нави Исроил ва Амрико посухи низомӣ фаротар аз Ховари Миёна ва густурдатар бошад.

Баъзе коршиносони низомӣ аз он мегӯянд, ки Эрон дар пайи таҳдидҳои муқаррари Амрико бурд ё масофаи мушакҳои нуқтазанашро афзоиш додааст. Ҳоло ҳадс зада мешавад, ки Эрон эҳтимолан дар ихтиёраш мушак ва паҳподҳоеро дорад, ки то масофаи Амрико ва пойгоҳҳои Амрико дар Уқёнуси Ҳинд мерасад.

Тақвияти қудрати мушакии Эрон собит мекунад, ки дар ҷанг бо Исроил ва Амрико онҳо аз қудрати болое бархӯрдоранд. Ҳарчанд дар раванди ҷанг роҳбарон ва бахши зиёди инфрасохтори низомиву иқтисодии Эрон осеб дид, вале шерозаи асосии қудрати дифоии Эрон ҳифз шуд.

Мақомоти эронӣ, аз ҷумла Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Исломии Эрон, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумон, Масъуд Пизишкиён раиси ҷумҳур ва дигарон дар мавриди он мегӯянд, ки Эрон бо тамоми тавон дар муқобили таҳдидҳои Амрико меистад ва ба он таҳдидҳо посух мегӯяд.

Дар маҳофили сиёсии дохилии Амрико демократҳо фишор меоваранд, ки ҷанги Амрико бо Эрон бояд ҳарчи зудтар поён ёбад. Интихоботи парлумонӣ дар Исроил низ Бенямин Нетаняҳуро дар вазъияти бад қарор дода ва мухолифони ӯ мехоҳанд дасти ӯро барои ҳамлаи дубора қабл аз интихоби сарвазири ҷадид бибанданд.

Дар тӯли ду рӯзи охир дар гузаргоҳи байналмилалии Ҳурмуз чандин киштӣ мавриди ҳама қарор гирифт ва расонаҳои Эрон навиштанд, ки ин оброҳи байналмилалӣ барои убуру мурури киштиҳои душман дигар амн нест.

Дар пайи овозаҳои ҳамлаи кимиёии Эрон ба Амрико Аббос Ироқчӣ вокуниш нишон дод ва таъкид кард, ки чунин иттилое дуруст нест. Ин ҳарфҳо, гоҳо аз ҷониби Исроил дар расонаҳои ғарбӣ матраҳ мешаванд ва бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки ҳадафи он муқаддимачинӣ барои ҳамлаи нав ба Эрон аст.

Аббос Ироқчӣ дар паёми худ дар “Х” навишт, ки “дар 72 соати гузашта расонаҳои Исроил муддаӣ шудаанд, ки Эрон зоҳиран дар ҳоли тавтеа барои истифода аз силоҳи кимиёӣ дар Вашингтон аст ва ҳамзамон дар зер садҳо пойгоҳҳои мушакӣ месозад. Дурӯғи маҳз! Луфтан, аз дасти ин таблиғоти дурӯғин ба сабки ҷанг бо Ироқ бардоред, ба вижа вақте радди пои Исроил дар тамоми ин моҷаро ошкор аст. Ҳеч кас ин иддаоро бовар намекунад”.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ вокуниш нишон дода, гуфт, ки иддаоҳои ҷанги равонии Амрико ва Исроил дар мавриди дар зери садҳои обӣ бунёд шудани пойгоҳҳои мушакӣ ва истифодаи “бомбаи касиф” (бомбаи шимиёӣ) дар Амрико дуруст нест: “Иттилооти беасоси иртиботи садҳои Эрон бо пойгоҳҳои мушакӣ, намунаи дигаре аз ҳаракатҳои шайтонӣ барои бунёди дастовези таблиғотӣ ва амниятӣ ба манзури тавҷеҳи тааррузи инфрасохтори ҳаётии як кишвар аст. Дар ҷараёни ҳамлаҳои таҷовузкоронаи ахири Амрико ва Исроил ба зидди Эрон махзани захираи об дар Хумайн (вилояти марказӣ), Ҳафтал (вилояти Хузистон) ва муассисаҳои обширинкун дар ҷазираи Қишм, Некшаҳр ва Тес ва рустои ҷанубии Ҷоск мавриди ҳадаф қарор гирифтанд: ҳамлаҳое, ки ба қатъ ё ихтилол дар обрасонӣ ба мардум ва минтқаҳои маскунӣ анҷомид”.

Дар пайи афзоиш ёфтани таҳдидҳои Эрон як қатор мақомоти олирутбаи амрикоӣ, аз ҷумла вазири молия, вазири корҳои хориҷӣ, вазири ҷанг ба манзилҳои муҳофизатшаванда кӯчонда шуданд. Ин кор нигарониҳоро дар Амрико дар мавриди амнияти мансабдорони ин кишвар бештар кардааст.

Рӯзи 16-уми ноябр “CNN” бо истинод ба ҳафт мансабдори амрикоӣ гузориш дод, ки хадамоти иктишофии ИМА иттилоеро дар хусуси эҳтимоли таҳияи нақшаи ҳамла аз ҷониби Эрон ба мақомоти баландпояи ҳукумати Трамп дар Вашингтон дарёфт кардаанд. Тибқи ин гузориш, эҳтимолан дар чунин нақша истифодаи маводи радиоактивӣ ё силоҳи кимиёӣ баррасӣ мешавад.

Вале сарчашмаҳои “CNN” таъкид кардаанд, ки иттилооти бадастомада ҳанӯз маънои омодагӣ ба ҳамлаи наздикро надорад. Тибқи гуфтаи онҳо Эрон метавонад чунин сенарияҳоро ҳамчун имконоти эҳтимолӣ баррасӣ кунад ва ҳоло ҳам дар бораи қобилияти амалӣ кардани он ва нияти воқеии Теҳрон баҳс вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, иттилооти иктишофӣ ба гуфтаи манбаъҳо, бархе маконҳо ва ҳадафҳои эҳтимолиро дар бар гирифта, мақомоти амрикоиро водор кардааст, ки чораҳои эҳтиётӣ ва нақшаҳои изтирориро таҳия кунанд.

Масъалаи истифодаи “бомбаи ифлос” низ дар ин гузоришҳо матраҳ гардидааст. Ин навъи силоҳ таркиби маводи радиоктивӣ ва моддаҳои тарканда аст. Он ба монанди бомбаи атомӣ таркиши атомӣ ба вуҷуд намеорад, вале метавонад маводи радиоктивиро паҳн карда, боиси олӯда гаштани  муҳити зист, халалдор шудани фаъолияти шаҳрҳо ва тарсу ҳарос дар миёни аҳолӣ гардад. Ин иддаоҳо дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти амрикоӣ ҳамзамон кӯшиш доранд эҳтимоли таҳдидро аз хатари воқеии наздик ҷудо кунанд.

Бо вуҷуди гузоришҳои нигаронкунанда мақомоти амрикоӣ кӯшиш доранд нишон диҳанд, ки вазъият таҳти назорат қарор дорад. Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 17-уми ноябр гуфт, ки ба назари ӯ таҳдиди фаврӣ ба Вашингтон вуҷуд надорад ва ҳарчанд мақомоти амрикоӣ тамоми иттилооти вобаста ба амнияти кишварро пайгирӣ мекунанд.

Доналд Трамп дар навбати худ гуфт, ки эҳтимоли чунин ҳамла ҷиддӣ гирифта мешавад. Вай ҳушдор дод, ки агар Эрон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамла кунад, бо вокуниш рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва тибқи гуфтаи ӯ ҳамла сурат намегирад.

Мавқеи Кохи Сафед низ то андозае оромтар буд. Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки ҳукумат таҳдидҳои эҳтимолиро назорат мекунад ва ҳоло барои қаламрави Амрико таҳдидҳо мушаххас шудааст. Дар Вашингтон сарфи назар аз чораҳои пурзӯри муҳофизатӣ ҳанӯз иттилои расмии ҳамлаи наздик ба даст наомадааст. Бо ин далел, кӯчондани баъзе мансабдорон ба пойгоҳҳои низомӣ бештар ба чораҳои эҳтиётӣ ва арзёбии хатарҳои эҳтимолӣ рабт дорад, на ба эълони фавқулода.

Дар шароити кунунӣ масъалаи таҳдидҳои эҳтимолӣ фақат ба амнияти низомӣ маҳдуд намешавад. Вашингтон, Теҳрон ва Тел-Авив дар хусуси муборизаи воқеӣ дар майдони низомӣ дар фазои иттилоотӣ низ рақобат мекунанд. Ҳар як изҳорот, гузоришҳои хадамотҳои истихборотӣ ва иддаои расонаӣ метавонад ба афкори ҷомеа, бозорҳо ва қарорҳои сиёсӣ таъсир расонад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон иддаоҳои вобаста ба омодагӣ барои ҳамла ба қаламрави Амрико ё истифодаи силоҳи кимиёиро рад мекунад. Вашингтон бошад мегӯяд, ки иттилооти иктишофиро ҷиддӣ гирифта, чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар чунин вазъият то замоне, ки далелҳои мустақил ва расмӣ пешниҳод нашаванд, ин гузоришҳоро наметавон ҳамчун нақши тасдиқшудаи ҳамлаи Эрон арзёбӣ кард.

Ҳамзамон нашри чунин хабарҳо метавонад ба афзоиши фишорҳои сиёсӣ дар Амрико мусоидат намоянд. Агар ҷомеаи Амрико Эронро ба ҳайси таҳдиди мустақим ба амнияти дохилии кишвар қабул кунад, ин метавонад барои ҷонибдорони сиёсати сахтгирона нисбат ба Теҳрон далели нав гардад. Дар чунин шароит эҳтимоли истифодаи ин иттилоот барои асоснок намудани таҳримҳои бештар, густариши ҳузури низомӣ ва ё ҳатто амалиёти навро низ истисно кардан мумкин нест.

Дар ҳоле, ки таҳдиди ҷонибҳо ва чораҳои амниятӣ пурзӯр мешаванд, имкони идомаи музокирот низ ҳанӯз аз миён нарафтааст. Вашингтон дар муқобили фишори низомиву иқтисодӣ роҳҳои дипломатиро низ баррасӣ  мекунад. Миёнравии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Уммон ва Қатар метавонад дар коҳиш додани танишҳо нақши муҳим дошта бошад.

Мушкили асосӣ дар он аст, ки ҳар ду ҷониб ҳоло аз мавқеи қавӣ сухан мегӯянд ва барои ақибнишинӣ дар масъалаи калидӣ омодагии кам нишон медиҳанд. Амрико мехоҳад маҳдудиятҳои бештар дар масъалаи барномаи атомӣ ва иқтидори низомии Эронро ба даст орад. Теҳрон бошад ин талабҳоро дахолат ба соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқи худ барои дифоъ арзёбӣ мекунад.

Аз ҷониби дигар, кӯчондани мақомоти армикоӣ ба пойгоҳҳои низомӣ, ҳушдорҳои Доналд Трамп ва иддаоҳо дар хусуси нақшаҳои эҳтимолии Эронро метавон нишони боло рафтани сатҳи нигаронии Вашингтон аз амнияти дохилӣ донист. Ин чораҳо худ аз худ маънои онро надоранд, ки ҳамла ба Амрико ногузир аст ё ҷанги нав ҳатман оғоз хоҳад шуд.

Вазъияти кунунӣ бештар ба марҳилаи ҳассоси муқовимати сиёсӣ, низомӣ ва иттилоотӣ монанд аст, ки дар он як ҳодисаи хурд, ҳисобҳои нодуруст ва иттилооти тасдиқшуда метавонад боиси авҷ гирифтани танишҳо гардад. Ҳоло суоли асосӣ ин аст, ки оё Вашингтон ва Теҳрон роҳи маҳдуд намудани муқовиматро пайдо мекунанд  ё таҳдидҳои дуҷонибаи онҳоро ба марҳилаи нави бархӯрди мустақим мебаранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.