Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард
Ҷо Байден, президенти пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар китоби ёддоштҳои нави худ навишт, ки хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар соли 2021 дуруст буд ва ӯ бо донистани оқибатҳои он ин тасмимро гирифт. Ӯ аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳимоят карда, навиштааст, ки суқути босуръати ҳукумати вақти ин кишвар ба фурӯпошии артиши Афғонистон вобаста буд.
Ӯ дар китоби худ бо номи “Promise Me, America” навишт, ки поён додан ба ҷанги 20-солаи Амрико дар Афғонистон қарори дуруст буд ва ӯ дар сурати бозгашт ба гузашта низ ҳамин роҳро интихоб мекунад.
“Ман боз ҳам ҳамин қарорро қабул мекардам. Поён додан ба ҷанг дар Афғонистон қарори дуруст буд” – таъкид кард ӯ.
Хабаргузори “Ассошиэйтед пресс” пораҳое аз китоби тозанашри Ҷо Байденро таҳлил намуда, навиштааст, ки як қисми алоҳидаи ин китоб ба мавзуи Афғонистон бахшида шудааст ва муаллиф дар он менависад, ки ҳатто дар замони ҳукумати Барак Обама ба идомаи ҷанг дар Афғонистон шубҳа доштааст.
Ӯ дар ин китоб имзои созишномаи моҳи феврали соли 2020 миёни ҳукумати Доналд Трамп ва Толибонро як “бомбаи соатӣ” меномад. Бар асоси ин созишнома Толибон уҳдадор шуда буданд, ки то замони хуруҷи неруҳои Амрико ба онҳо ҳамла накунанд.
Ҷо Байден навишт, ки шартҳои созишнома он гуна набуд, ки ӯ мехост, вале ба хулосае омад, ки ҷанг бояд хотима ёбад. Ҳукумати ӯ муҳлати хуруҷи неруҳоро то 11-уми сентябри соли 2021 тамдид намуд ва ҳамзамон барои тақвияти неруҳои амниятии Афғонистон талош намудааст.
Тибқи гуфтаи Ҷо Байден Вазири мудофиаи пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ллойд Остин ва раиси Ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳ генерал Марк Миллӣ аз оқибатҳои хуруҷи пурраи низомиёни Амрико нигаронӣ доштаанд. Бо вуҷуди ин, мақомоти низомӣ ва хадамоти иктишофӣ ба ӯ гуфта буданд, ки ҳукумати Афғонистон ва пойтахти кишвар метавонанд пас аз хуруҷи неруҳои хориҷӣ ҳадди аққал шаш моҳ муқовимат кунанд. Вале ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар зарфи чанд рӯз суқут кардааст. Дар натиҷа Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард ва Толибон 15-уми августи соли 2021 вориди Кобул гардиданд. Ин ҳодиса беш аз ду ҳафта қабл аз хуруҷи охирин низомиёни амрикоӣ рӯй дод.
Ҷо Байден дар китоби фурӯпошии неруҳои амниятии Афғонистон бо ибораи “артиши Афғонистон об шуд” шарҳ додааст. Бар асоси арзёбии тарҳи таҳқиқотии “Арзиши ҷанг”-и Донишгоҳи Браун, дар ҷараёни ҷанги ду даҳсола тақрибан 70 ҳазор низомӣ ва корманди полиси Афғонистон кушта шудаанд.
Пас аз ворид шудани Толибон ба Кобул, фурудгоҳи пойтахт ба маркази хориҷ шудани шаҳрвандон ва низомиёни хориҷӣ табдил ёфт. Рӯзи 26-уми августи соли 2021 дар назди дарвозаи фурудгоҳи Кобул ҳамлаи маргталабонаи гурӯҳи “Давлати исломӣ — вилояти Хуросон” рӯй дод. Дар натиҷаи он дастикам 170 шаҳрванди Афғонистон ва 13 низомии амрикоӣ кушта шуданд.
Масъалаи масъулияти маъмуриятҳои Трамп ва Байден дар суқути ҳукумати Афғонистон ҳамоно мавриди баҳс қарор дорад. Дар гузориши Вазорати корҳои хориҷии ИМА, ки моҳи июни соли 2023 нашр шуд, гуфта мешуд, ки қарорҳои ҳар ду маъмурият дар бораи поён додани ҳузури низомии Амрико барои ҳукумати Афғонистон оқибатҳои ҷиддӣ доштанд. Ҳамчунин, дар гузориш ба нокифоя будани омодагӣ ба сенарияҳои бадтарини эҳтимолӣ ишора шуда буд.
Толибон аз моҳи августи соли 2021 ба ин сӯ Афғонистонро идора мекунанд. Ҳукумати онҳо таҳсили духтаронро баъд аз синфи шашум манъ карда, маҳдудиятҳои густурдаеро барои кору фаъолияти ҷамъиятии занон ҷорӣ кардааст.
Китоби нави Ҷо Байден 17-уми ноябр аз ҷониби нашриёти “Little, Brown and Company” ба фурӯш бароварда мешавад. Дар он муаллиф дар бораи чаҳор соли президентӣ, пандемияи коронавирус, вазъи иқтисоди ИМА, ҷангҳои Украина ва Исроил ва тасмими худ барои даст кашидан аз ширкат дар интихоботи президентии соли 2024 нақл мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад