Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баъди дидор бо Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин дар Чин бо сафари расмӣ рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба шаҳри Душанбе меояд.
Дар ин бора рӯзномаи “Взгляд”-и чопи Русия хабар дода, навишт, ки Владимир Путин дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.
Тибқи иттилоъ, Юрий Ушаков, мушовири хориҷии Владимир Путин дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки бо вуҷуди мулоқоти ахири роҳбарони ду кишвар дар шаҳри Маскав зарурати баррасии муфассалтари масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба боқӣ мондаанд.
“Ҳоло зарур аст, ки бисёр ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистонро муфассал баррасӣ кунем”. зикр кард Юрий Ушаков.
Рӯзи 12-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар шаҳри Маскав дар ҳошияи нишасти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқот карда буданд.
Дар ин мулоқот ду ҷониб, аз ҷумла масъалаи афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ва хусусияти стратегии муносибатҳои Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ намуданд.
Ин сафари аз қабл эълоншудаи Путин ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои худ дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятиро густариш медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад