Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”
Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки миқёси ҳамлаи нави низомӣ ба Эрон метавонад аз амалиёти қаблӣ панҷ баробар бештар бошад.
Дар ин хусус рӯзи 10-уми ноябр Доналд Трамп дар суҳбати телефонӣ бо расонаҳо изҳори назар карда, гуфтааст, ки кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс ҷонибдори идомаи вазъияти кунунии низомиянд ва намехоҳанд низоъ ба марҳилаи шадидтар гузарад.
Доналд Трамп дар ин суҳбат бори дигар иддао карда, ки Теҳрон мехоҳад бо Вашингтон ба созиш расад. Тибқи гуфтаи ӯ, мақомоти Эрон ин хоҳишро ошкоро баён намекунанд.
“Онҳо мехоҳанд ба созиш расанд. Албатта, медонед, ки инро ошкоро эълон намекунанд”- таъкид кард раиси ҷумҳури ИМА.
Доналд Трамп қаблан низ чандин маротиба аз эҳтимоли иқдомҳои низомии нав бар зидди Эрон ҳарф зада, ҳамзамон иддао карда буд, ки Теҳрон барои музокира бо Вашингтон омода мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад