Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад
Файсал Ниёз Тирмизӣ, сафири Покистон дар Русия дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки вазъияти ноустувори амниятӣ дар Афғонистон монеаи иҷрои лоиҳаҳои пайвасткунии Покистон ба Осиёи Марказӣ ва Эрон мешавад. Сафир таъкид намуд, вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа таъсир мерасонад.
Файсал Ниёз Тирмизӣ, сафири Покистон дар Русия гуфт, ноамнӣ дар Афғонистон боиси боздоштани амалии лоиҳаҳои нақлиётӣ ва транзитии Покистон бо кишварҳои минтақа шудааст.
Сафири Покистон рӯзи 9-юми ноябр дар суҳбат бо “Известия” гуфт, ки Исломобод умедвор буд ҳукумати Афғонистон ба равандҳои ҳамкории минтақавӣ ҳамроҳ шавад. Аммо идомаи ноустуворӣ ин нақшаҳоро ба таъхир андохтааст.
“Лоиҳаҳои мо дар соҳаи пайвастагии нақлиётӣ маҳз ба сабаби ин ноустуворӣ амаланд боз мондаанд”- зикр кард дипломати покистонӣ.
Ӯ гуфт, дар сурати барқарор шудани субот дар Афғонистон интиқоли молу маҳсулот ва рафтуомад ба воситаи роҳҳои заминӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон хеле осонтар хоҳад шуд.
Файсал Ниёз Тирмизӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳ дар қаламрави Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, афзуд, ки таҳдиди онҳо фақат ба Покистон маҳдуд намешавад. Тибқи гуфтаи сафир ноустувории Афғонистон метавонад ба амнияти Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия низ хатар эҷод намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад