Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Семён Григорев, cафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф барои нигоҳ доштани робитаҳои наздик ва ҳампаймонӣ дар оянда замина фароҳам мекунанд.
Сафири Русия таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ ва панҷ мактаби муштараки Тоҷикистону Русия фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, 40 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев рӯзи 4-уми ноябр дар суҳбат бо хабарнигорон дар ин бора иттилоъ дода, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф дар бахши муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ҷойгоҳи муҳим дорад ва метавонад ба идомаи робитаҳои наздик миёни ду кишвар дар солҳои оянда мусоидат кунад.
Сафир афзуд, ки ҳамкориҳои Душанбе ва Маскав соҳаҳои мухталифро фаро мегирад ва соҳаи маориф яке аз самтҳои пешрафтаи муносибатҳои дуҷониба мебошад. Ӯ ба сатҳи робитаҳои сиёсии ду кишвар ишора карда, таъкид намуд, ки Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар чор соли охир 20 бор мулоқот кардаанд.
“Мо дар масъалаҳои мухталиф, аз ҳарбӣ ва сиёсӣ то иқтисодӣ ва гуманитарӣ ҳампаймон ҳастем. Аз ин рӯ, муносибатҳои мо дар сатҳи хеле баланд қарор доранд”- таъкид намуд сафири Русия дар Тоҷикистон.
Сафири Русия афзуд, ки мафҳуми ҳампаймонӣ яке аз хусусиятҳои асосии робитаҳои Тоҷикистон ва Русия мебошад.
Семён Григорев дар бораи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуд. Ӯ таъкид намуд, сокинони кишвар арзиши сулҳу ваҳдатро хуб дарк мекунанд, зеро Тоҷикистон таҷрибаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990-ро аз сар гузаронидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия ҳамасола рӯзи 4-уми ноябр ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. Ин ҷашн ба хотири ҳодисаҳои соли 1612 бахшида шудааст. Дар ин сол гурӯҳҳои мардумӣ бо роҳбарии Кузма Минин ва Дмитрий Пожарский Маскавро аз неруҳои Лаҳистону Литва озод карда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад