26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:34, Душанбе
04.11.2026 16:11

Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон

Илон Маск, миллиардери амрикоӣ ва соҳиби шабакаи иҷтимоии “Икс” (X), ки бо харҷи садҳо миллион доллар аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи миёндавраии ИМА ҳимоят карда буд, пас аз нокомии интихоботии ин ҳизб бо нашри паёми кинояомез дар шабакаи иҷтимоии “X” вокуниш нишон дод.

Расонаҳои Амрико менависанд, ки Илон Маск барои дастгирии номзадҳои ҷумҳурихоҳ дар интихоботи миёндавраии ИМА тақрибан 250 миллион доллар харҷ карда буд. Аммо пас аз нокомии интихоботии ин ҳизб ва пешсафии демократҳо дар Конгресс, ӯ бо лаҳни кинояомез навишт: “Лазерҳои кайҳонӣ кор накарданд!”

Маск дар паёми худ дар шабакаи иҷтимоии “X” бо ишора ба иддаоҳои марбут ба дахолати лазерҳои кайҳонӣ ба интихобот, шикасти ҷумҳурихоҳонро ба таври ҳаҷвӣ шарҳ дод.

Ӯ ҳамчунин, дар паёми дигар навишт: “Акнун ба назар мерасад, ки таъсиси марказҳои маълумотӣ дар фазои кайҳонӣ ҷолибтар шудааст!”

Ин вокуниш дар ҳоле садо дод, ки Маск дар ҷараёни рақобатҳои интихоботии ИМА ба яке аз бузургтарин сарпарастони молии ҷумҳурихоҳон табдил ёфта буд. Бино ба гузориши шабакаи “NBC”, ӯ барои маъракаҳои интихоботии ин ҳизб тақрибан 250 миллион доллар харҷ кардааст.

Изҳороти Маск чанде пас аз суханронии Ҷеймс Таларико, номзади пирӯз аз Ҳизби демократ дар интихоботи Сенат аз иёлати Техас, садо дод. Таларико зимни суханронӣ ба муносибати пирӯзӣ бо ишора ба хароҷоти ҳангуфти таблиғотии рақибонаш гуфт, ки маъракаи интихоботии ӯ бо харҷи беш аз 300 миллион доллар, таблиғоти манфӣ, маъракаҳои бадномсозӣ, ҳисобҳои қалбакии хориҷӣ ва тасвирҳои сохтаи ҳуши маснуӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Ин сиёсатмадори демократ ҳамчунин, миллиардерҳоеро, ки молик ва идоракунандаи алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд, интиқод карда, махсусан аз Маск ном бурд. Ӯ шеваи сиёсатварзии Доналд Трампро ба майдони бадномсозӣ, сару садо ва намоишкорӣ ташбеҳ дод.

Бино ба гузориши шабакаи “NBC”, натиҷаҳои интихоботи миёндавраӣ ва пирӯзии демократҳо дар ҳар ду палатаи Конгресс мавқеи ин ҳизбро барои муқовимат бо барномаи қонунгузории Трамп тақвият бахшидааст. Ҳамзамон, нигарониҳо дар бораи таъсири ин тағйироти тавозуни сиёсӣ ба ояндаи сиёсати технологӣ, ҳуши маснуӣ ва сармоягузорӣ ба марказҳои маълумотӣ афзоиш ёфтаанд. Бозорҳои фючерсии саҳомӣ низ пас аз эълони натиҷаҳои интихобот коҳишро таҷриба кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.