Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар ин мулоқот Идибек Қаландар, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Майтонг Таммавонса, муовини Вазири корҳои хориҷии Лаос ҳайатҳои ду кишварро намояндагӣ карданд.
Ду ҷониб дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар карда, роҳҳои густариши робитаҳои байнидавлатиро баррасӣ намуданд.
Зикр мешавад, ки дар ин мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, такмили заминаи ҳуқуқиву шартномавии муносибатҳо ва рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ равона шудааст.
Ду ҷониб имконияти доир намудани машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро баррасӣ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад