Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Трамп: “Мулоқоти Путин ва Зеленский ба зудӣ баргузор мешавад”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА мегӯяд, ки дар талошҳо барои ҳалли ҷанги Русияву Украина пешрафти назаррас ба даст омадааст ва мулоқоти роҳбарони ду кишвар ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.
Ба гузориши расонаҳои Амрико, Трамп ин нуктаро субҳи имрӯз ҳангоми бозгашт аз ҳамоишҳои интихоботӣ дар иёлати Техас, дар ҳавопаймои президентиаш, дар суҳбат бо хабарнигорон баён кардааст.
Ӯ гуфтааст: “Ба назари ман, дар масъалаи ҷанги Русияву Украина бо Русия пешрафти зиёде дорем. Ба зудӣ мулоқоте баргузор хоҳад шуд”.
Трамп дар посух ба саволе дар бораи ширкаткунандагони ин мулоқот, аз Владимир Путин ва Владимир Зеленский ном бурдааст. Аммо ӯ дар бораи замон, макон ва тарзи баргузории он ҷузъиёти бештар надодааст.
Дар сурати баргузор шудани ин дидор, он нахустин мулоқоти мустақими роҳбарони Русия ва Украина аз оғози ҷанг дар соли 2022 ба ин сӯ хоҳад буд.
Маскав ва Киев охирин бор дар аввали соли ҷорӣ бо миёнаравии ИМА музокироти сулҳ анҷом дода буданд. Се даври ин гуфтугӯҳо дар моҳҳои январ ва феврал дар Абузабӣ ва Женева баргузор шуд, аммо натиҷаи мушаххас надод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад