Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок намуд
Имрӯз, 23-юми октябр дар шаҳри Батуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок кард.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангию гуманитариро муҳокима намуданд.
Манбаъ навиштааст, ки дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон, 22-юми октябр Сироҷиддин Муҳриддин бо сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди баъдии муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад