Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
21.10.2026 17:36
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Усмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Профессор, устоди журналистони тоҷик, донишманди варзида ва ходими сиёсӣ Иброҳим Усмонов яке аз чеҳраҳои ҳамеша дастрас, фаъол ва мусоҳибадиҳанда барои расонаҳои кишвар ҳастанд. Дар тӯли ду даҳсола дар расонаҳо аз Иброҳим Усмонов мусоҳиба ва суҳбатҳое нашр шудаанд, ки бозгӯкунандаи вазъияти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон мебошанд. Дар бархе аз ин мусоҳибаҳо устод Иброҳим Усмонов суханҳои афкорсоз гуфтаанд. Бо истифода аз мусоҳибаҳои дар солҳои мухталиф анҷомдодаи Иброҳим Усмонов 26 сухани афкорсозро дар ин ҷо гулчин кардаем, ки метавонед мутолиа кунед:
- Мо тоҷикӣ гуфта, ҳамон забонеро дар назар дорем, ки дар Осиёи Миёна таваллуд шуда, камол ёфтааст. Соли 1990 маҳз кӯшиши такрори ин иштибоҳ сурат гирифт ва хостанд, ки истилоҳоти форсии Эронро ба мо кӯчонанд. Аммо мо ба ин роҳ надодем ва онро ислоҳ намудем.
- Дар ҷанги дохилии тоҷикон пирӯзу мағлуб нест ва ду ҷониб дар ниҳоят ба ҳам омаданд. Сулҳ низ дар пайи ҳамкории ҷониби ҳукумат ва мухолифин ба даст омадааст. Аммо бояд зикр кунам, ки нақшаи сулҳи тоҷикон ба Эмомалӣ Раҳмон марбут аст ва иҷрои он дар пайи талошу пуштибонии мухолифон имконпазир шудааст.
- Агар мо мехоҳем, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои кишварҳои дигари ҷангзада мисол оварда шавад, набояд ҳамаи сулҳофаронро фаромӯш кунем.
- Суол мешавад: чӣ фарқ аст миёни пантуркисте, ки мегуфт, тоҷик дар Осиёи Миёна нест ва онҳое, ки мегӯянд, “мо форсем, на тоҷик”? Ҳарду ҳам будани тоҷикро дар хонаи азалии худаш инкор мекунанд.
- Моро дар сад соли дигар касе дар ҷаҳон форс намегӯяд. Ҳама моро тоҷик мешиносанд ва қабул кардаанд. Дар сад соли дигар ҳам тоҷикони Афғонистонро ҳам “форс” нахоҳанд гуфт.
- Баъзеҳо кӯшиш доранд, ки дину мазҳабро ба воситаи арзишҳои миллӣ боло баранд, ки он албатта нодурст аст. Дар дунё мамлакатҳое ҳастанд, ки барои онҳо дин арзиши миллӣ дорад. Масалан, яҳудиҳо. Зеро онҳо бо ҳамин як дин ба дунё омада ва бо ҳамин як дин зиндагӣ доранд. Аммо мо то Ислом дини дигар доштем. Бинобар ин, арзиши динӣ барои мо муқаддас аст, вале нишондиҳандаи рӯҳияи миллӣ шуда наметавонад.
- Ман ҳеч вақт ақидаамро дигар накардаам. Ман дар аввал ҳам ақидаи марксистӣ доштам ва ҳоло ҳам ақидаам марксистӣ аст. Қаблан ҳам ақидаи тоҷикона доштам, ҳоло ҳам ба ақидаи тоҷикона зиндагӣ дорам ва итминони комил дорам, ки ҳамин тавр, то охирин нафас мезиям.
- Ман тоҷикам ва аз ин ифтихори беандоза дорам. Ман тоҷикам ва гузаштаву ояндаамро танҳо ба калимаи тоҷик муаррифӣ мекунам. Бобову бобокалон ва набераҳову абераҳои маро ҳам танҳо бо калимаи тоҷик муаррифӣ бояд кард. Бароям пеш ва болотар аз ҳама тоҷик будан аст. Ҳатто пеш аз эътиқоди динию сиёсиям ҳам.
- Он шабу рӯз ман аз Нурулло Ҳувайдуллоев пурсидам, ки оё мо метавонем дар заминаи тағйироти Конститутсияи СССР пешниҳод кунем, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирад? Он кас посухи мусбат доданд. Ман як мақола навиштам, ки он таҳти унвони “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” ва моҳи ноябри соли 1988 дар “Газетаи муаллимон” ба нашр расид. Дар ин мақола пешниҳод кардам, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад.
- Интеллигенсияи филологиву таърихшиносии тоҷик шояд дар ҷаҳон ягона бошанд, ки андеша доранд, журналистика нахонда, журналист шудан мумкин аст. Ва танҳо дар Тоҷикистон намехоҳанд, ки илми журналистика аз филология ҷудо шаваду ба роҳи худаш равад. Филология – ин эстетика аст, журналистика – ин сиёсат аст.
- Фаромӯш накунем, ки журналистика бо сиёсат ҳамеша тавъам аст ва дар якҷоягӣ ҳукуматро бунёд месозанд. Агар журналистика аз сиёсати ҳукумат нагӯяд, миллат пеш рафта наметавонад ва ин боз оммаи мардумро ба калавишҳои дигар мувоҷеҳ месозад.
- Боз ҳам мегӯям, ки журналистика ин фаъолияти сиёсӣ аст ва ҳамеша ба воқеият (ҳақиқат) такя мекунад, адабиёт бошад, эҷоди тахайюл, тасвир ва хушнависӣ аст. Ҳоло “ин навъи нави публитсистика”-ро ба сари донишҷӯёни факултаи журналистика бор мекунанд, ки дар натиҷа боз филология буданаш собит мешавад.
- Гарчи пешравони нерӯҳои зиддиҳукуматии майдонсоз дар донишгоҳи мо зиёд буданд, баъзе навмуаллимони мо байрақбардорони ақидаи “Шаҳидон” шуда, муаллимон ва шогирдонро аз зӯроварии онҳо метарсонданд. Иддае аз донишҷӯёни мо ҳам дар майдони “Озодӣ” “ба ҷонибдории озодӣ ва демократия” худро занҷирбанд карда буданд. Муаллиму донишҷӯёне, ки барояшон оши худоии майдони “Шаҳидон” аз дарс аввалтар буд, низ кам набуданд. Ҳар навъ иҳонате, ки аз дасташон меомад, раво медиданд. Дар ҳамин ҳол, ҳатто ба тани нимпайкараҳои бузургони адабиёти навини тоҷик – устодон Айнӣ, Лоҳутӣ ва Турсунзода, ки дар долони ошёнаи панҷуми факултети филология меистод, хат кашиданд.
- Мушкилоти иқтисодии кишварро зиёиёни мо мувофиқи имконоти доштаашон, вале дар шакли хеле маҳдуд баррасӣ мекунанд, зеро барои баррасии бештар фарогир аз таҷрибаву дониши ғанӣ бархӯрдор нестанд.
- Касе ки гумон дорад ҳама чиз ҳаллу фасл шудаасту дигар зарурияти музокира кардан нест, зарурияти фикри дигарҳоро шунидан нест, ҳадди ақал саҳв мекунад. Зеро бо таъсири муҳити иттилоотии имрӯза, ки он ҷаҳонро идора мекунад, ҳамеша афкори мардум дар ҳоли тағйирёбист.
- Аз ин рӯ, андеша кардан, ки зарурияти муколама кардан дар ҷомеаи мо боқӣ намондааст, чи хеле гуфтам, саҳв аст. Зеро эҳтиёҷ ба муҳокима ҳамеша буд ва ҳаст ва гуфтаи Саъдӣ, ки “Илм бе баҳс пойдор намонад”, аслан маънои муколамаро дорад”.
- Агар худи тоҷикҳо ба сулҳ розӣ намешуданд, омили хориҷӣ бо ҳама қуввату иқтидоре, ки дорад, наметавонист, тарафҳои тоҷикро маҷбур ба сулҳ кунад.
- Қувваи бегона ҳалкунандаи масъалаи дохилӣ шуда наметавонад, то замоне, ки худи дохил ин чизро нахоҳад, то худи дохил ба ин чиз омода набошад.
- Таъмини озодии зиндагии инсон замоне мешавад, ки ҳукумат имконият пайдо кунад, маоши хубу пурра диҳад, ба пиронсолон нафақаи хуб диҳад, аммо мо то ҳол ба ин нишондод нарасидаем. Дар ҳамин роҳ ҳастем, вале ба мақсад нарасидаем.
- Ҳеч яке аз ақидаҳои сиёсии худро тағйир надодам. Дар назари онҳое, ки дар замони “торикӣ” таҳсил мекарданд, ман демократ менамудам, зеро дар дарс ҳарфҳоеро мегуфтам, ки онҳо шунидан мехостанд. Ҳарчанд ин ҳарфҳо зидди коммунистӣ ҳам набуданд.
- Дар зиндагии шахсиам, хушбахтона, инсонҳои бадро кам вохӯрдаам. Дар Тоҷикистону Маскав таҳсил кардам. Дар Тоҷикистону Афғонистон ба унвони муаллим кор кардам. Дар журналистика низ ҳарфҳое, ки мехостам бинависам, тавонистам иншо кунам. Аз аввалин шахсоне будам, ки ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатиро талаб кардам. Аз эҷодкорони бузурге ба мисли Отахон Латифӣ пуштибонӣ дидам.
- Зиндагӣ ҳам пастӣ дорад ва ҳам баландӣ ва маънии ҳаёти инсон низ дар ҳамин аст. Ҳеч касе аз инҳо канор буда наметавонад. Аз яке нолидану аз дигарӣ ифтихор кардан боис ба шаъни инсон буда наметавонад.
- Мо ҳатто як рӯзномае надорем, ки таърихи пайдошавӣ ва рушди онро таҳқиқ карда бошем. Феълан мо ҳатто публитсисте ба мисли Саидризо Ализода, Отахон Латифӣ ва Нур Табаровро надорем. Бештаре аз устодони факултаи журналистикаро ҳатто тасаввур карда наметавонам, ки ба ҷавонон чӣ чизе таълим дода метавонанд.
- Пропаганда чизест, ки соҳиби расона ба паҳн кардани он иҷоза медиҳад. Соҳибони “Ҷумҳурият” на ҳама чизро иҷоза медиҳанд, ки нашр шавад, соҳибони “Озодӣ” низ ҳамин тавр. Сайёфи Мизроб низ на ҳама маводро тавассути “СССР”-аш ё Хуршеди Атовулло тавассути “Фараж” нашр мекунанд. Истифодаи мавод ё фикр аз ҷониби муҳаррир ҳамон пропаганда мебошад.
- Дар бораи озодии комили сухан он замоне метавон ҳарф зад, ки давлат тавонад худкифо бошаду ҳама ниёзҳои сохторҳои зертобеи худро таъмин карда тавонад. Тоҷикистон дар ҳамин самт қарор дорад, вале ба он ҳадаф ҳанӯз нарасидааст.
- Ҳеч кас аз муҳити худ озод буда наметавонад. Ҳатто бигирем, ҷоизадорони Нобелро. Ҳеч кадоме аз онҳо барои бадеияти асари худ сазовори ин ҷоиза нашудаанд, ҳама барои ақида. Пас, кӣ озод аст?
Хатти хабарҳо
26.11.2026 12:58
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:52
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Имрӯз, 26-уми ноябр мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии тақдирсоз барпо мекунад.
26.11.2026 09:41
Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд
Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:32
Домоди Трамп: “Ҳамаи гузинаҳо алайҳи Эрон рӯи миз аст”
Ҷаред Кушнер, домод ва намояндаи президенти ИМА дар музокироти байналмилалӣ, мегӯяд, ки Доналд Трамп тамоми гузинаҳоро барои бархӯрд бо Эрон боз нигоҳ доштааст.
26.11.2026 09:16
Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28
Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 15:18
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
24-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири кулли ЮНЕСКО Холид Ал-Анонӣ мулоқот кард.
25.11.2026 14:38
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.