Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Дар Самарқанд таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баррасӣ гардид
Имрӯз, 19-уми октябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид, ки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ ва густариши ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосирро баррасӣ намуданд.
Афзуда мешавад, ки аҳамияти идомаи муколамаи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи қолаби С5+1 таъкид гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад