26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:35, Душанбе
19.10.2026 10:28

Трамп: “Зеленский намехоҳад ҷанг дар Украинаро ба поён расонад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо интиқод аз идомаи ҳамлаҳои Украина ба полоишгоҳҳои нафти Русия, иддао кардааст, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, майли поён додани ҷангро надорад.

Трамп дар паёме дар шабакаи иҷтимоии худ “Трут Сошал” (Truth Social) гуфтааст, ки барои барқарории сулҳ дар ҷанги миёни Маскав ва Киев музокира мекунад.

Ӯ дар бораи мавқеи худ дар қиболи Русия навиштааст: “Қарори ман дар бораи Русия бисёр сода аст: намехоҳам коре анҷом диҳам, ки аз рӯйи аҳмақӣ Русияро аз мизи музокира дур кунад”.

Трамп дар идома бо ишора ба ҳамлаҳои Украина ба полоишгоҳҳои сӯзишвории дизелии Русия гуфтааст, ки Зеленский медонад, ин ҳамлаҳо ба бозорҳои ҷаҳонии дизел, аз ҷумла бозори Иёлоти Муттаҳида, осеби ҷиддӣ мерасонанд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури ИМА, кишоварзон, чорводорон ва соҳибкорони соҳаҳои гуногун аз ин вазъият зарари зиёд мебинанд. Ӯ ҳамзамон таъкид кардааст, ки Русия бо вуҷуди ин вазъ миллионҳо бушка сӯзишвории дизелиро бо нархи арзон ба бозорҳои ҷаҳон пешниҳод мекунад.

Трамп: “Зеленский метавонист ду сол пеш ба созиши беҳтаре бирасад”

Трамп бо ишора ба маблағҳое, ки Аврупо ба Зеленский медиҳад ва кумаки маъмурияти пешини Ҷо Байден ба Украина, иддао кардааст, ки раиси ҷумҳури Украина майли поён додани ҷангро надорад ва эҳтимол аз ибтидо низ чунин майле надоштааст.

Раиси ҷумҳури ИМА ҳамчунин, гуфтааст, ки Зеленский метавонист ду сол пеш нисбат ба шароити кунунӣ ба созиши беҳтаре даст ёбад.

Ӯ бо тавсифи вазъи кунунии Украина изҳор доштааст, ки кишвар хароб шудааст, бахши бузурге аз қаламрави худро аз даст додааст ва шумораи мардони он кам шудааст. Ба гуфтаи Трамп, бархе аз онҳо захмӣ шудаанд ва бархеи дигар ҷони худро аз даст додаанд.

Трамп дар поёни паёми худ таъкид кардааст: “Ман мехоҳам ин ҷанг ба поён расад”.

Ҳушдори “Блумберг” аз эҳтимоли заиф шудани равобити Киев ва Вашингтон

Хабаргузории «Блумберг» қаблан дар гузорише бо ишора ба идомаи ҳамлаҳои Украина ба полоишгоҳҳои нафти Русия навишта буд, ки ин иқдомҳо метавонанд ба равобити Киев ва Вашингтон осеб расонанд.

Ин хабаргузорӣ ба созиши ахири Трамп ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар бораи иҷозаи муваққатии воридоти сӯзишвории дизелӣ аз Русия ба Иёлоти Муттаҳида ишора кардааст.

Ба гузориши “Блумберг”, Трамп рӯзи шанбе, 17-уми октябр ба хабарнигорон гуфтааст, ки Зеленский метавонист борҳо низоъ бо Русияро ҳаллу фасл кунад, аммо тасмим гирифтааст, ки чунин накунад.

Бар асоси ин гузориш, раиси ҷумҳури ИМА ҳамчунин, гуфтааст, ки Украина ба роҳбарияти нав ниёз дорад ва хостори қатъи ҳамлаҳои Киев ба полоишгоҳҳои нафти Русия шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.