Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё (CICA) эълон намуданд, ки дар моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
Президенти кишвар таъкид карданд, ки ташаббуси Тоҷикистон барои эълон кардани солҳои 2027-2037 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст. Зикр шуд, ки татбиқи ин ташаббус метавонад ба густариши муколама миёни кишварҳо, ташаккули фарҳанги сулҳ ва пешгирии низоъҳо мусоидат намояд.
Президенти кишвар ишора намуданд, ки конфронси Душанбе барои таҳкими сулҳ барои оғози ин даҳсола замина фароҳам намуда, ҳамзамон ба таҳкими ҳамкорӣ ва эътимод миёни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад