Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Ҳамлаҳо ба майдонҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои нафтӣ рахнаи амниятӣ дар Арабистони Саудиро ошкор сохт
Расонаи “Ройтерз” дар гузорише навишт, ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз ва муассисаҳои нафтӣ осебпазир будани Арабистони Саудӣ дар муқобили таҳдидҳои амниятии як кишвари ҳамсояро ошкор сохт.
Ин расона менависад, ки ҳамлаҳо ба обрӯи Арабистони Саудӣ ҳамчун макони амн барои сармоягузории байналмилалӣ таъсири манфӣ расонд. Ин дар ҳолест, ки Риёз талош дорад иқтисоди худро гуногун кунад ва вобастагӣ ба нафтро коҳиш диҳад.
Ин расона бо такя ба таҳлили коршиносон менависад, вазъияте, ки яке аз муттаҳидони асосии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар минтақаи Халиҷи Форс ҳоло бо он рӯбарӯ мебошад, дар давоми чанд соли гузашта ба вуҷуд омадааст. Коршиносон иддао кардаанд, ки Эрон ба гурӯҳи ҳусиҳои Яман кумак кардааст, то тавонмандиҳои худро дар истеҳсол ва истифодаи силоҳҳои пешрафта то ба ҳадде рушд диҳад ва ба худкифоӣ расад.
Ин раванд боиси ташаккули иқтидорҳои дохилии низомӣ ва саноатии ин гурӯҳ шудааст. Расонаи “Ройтерз” менависад, ҳатто агар роҳҳои мустақими интиқоли таҷҳизот қатъ ё халалдор шавад, аз миён бурдани чунин иқтидорҳо кори осон нахоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад