Президенти Сербистон истеъфо дод
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
Киром Салоҳиддин Амриддинзода, сафири Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ ин пешниҳодро рӯзи 28-уми сентябр дар Сеул изҳор намуд. Ӯ дар ҳамоиш бахшида ба 35 -солагии Истиқлоли Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш захираҳои зиёди маъданӣ дорад.
“Тоҷикистон захираҳои бузурги истифоданашудаи маъданҳои стратегӣ, металлҳои рангаву нодир дорад” - зикр кардааст сафири Тоҷикистон.
Тибқи гуфтаи ӯ, Тоҷикистон омодааст барои ширкатҳои кореягӣ “таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат” бошад.
Ин пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки Кореяи Ҷанубӣ барои кам кардани вобастагии худ ба чанд сарчашмаи асосии ашёи хом талош дорад.
Яке аз металлҳое, ки Тоҷикистон метавонад ба бозори Корея пешниҳод намояд, сурма аст.
Бар асоси иттилооти Хадамоти геологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистон соли 2024 тақрибан 18 фоизи сурмаи истеҳсолшуда дар ҷаҳонро таъмин намудааст ва аз ин рӯ, баъд аз Чин дуюмин истеҳсолкунандаи бузурги металл мебошад.
Сурма дар истеҳсоли нимноқилҳо, батереяҳо ва баъзе таҷҳизоти дигар истифода мешавад.
Бар асоси иттилои расонаҳои кореягӣ дар соли 2025 тақрибан ҳама маъдани сурма ва консентрати содиротии Тоҷикистон ба Чин содир шудааст.
Волфрам низ аз дигар металлҳои мавриди таваҷҷуҳи Кореяи Ҷанубӣ аст. Ширкати кореягии “GB Innovation” дар Тоҷикистон маъдани волфрами Майхораро коркард мекунад. Ин ширкат мегӯяд, ки дар кон тақрибан 1,92 миллион тонна маъдан мавҷуд аст ва ҳадафаш истеҳсоли тақрибан 1 ҳазору 400 тонна консентрати волфрам дар як сол аст.
Волфрам дар саноати электроника ва истеҳсоли баъзе таҷҳизоти мудофиавӣ истифода мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”