Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хотираи фарзанди некноми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, собиқ раиси вилоят, шодравон Алишер Мирзонаботро ба некӣ ёд намуда, бори дигар ба падару модар ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ иброз доштанд.
“Таъкид гардид, ки шодравон Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки садоқат ба давлату миллат ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаро шиори зиндагии худ қарор дода буд. Гуфта шуд, ки иншооти зиёде, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёд шудаанд ва як қисми онҳо имрӯз ифтитоҳ гардид, маҳз бо талоши ватандӯстонаи шахсии ӯ амалӣ шудааст”, - навиштааст манбаъ.
Дар ин росто, Сарвари давлат дастур доданд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот номгузорӣ шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод