Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Имрӯз, 25-уми сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи Парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Қатарро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Ҷонибҳо нақши муҳими дипломатияи парламентӣ ва гурӯҳҳои дӯстиро дар таҳкими робитаҳои байни ду кишвар таъкид намуда, зарурати идомаи табодули таҷриба, баргузории вохӯриҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкории муштарак дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро қайд карданд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими робитаҳои байни ҷавонон, занон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, истифодаи имконотӣ мавҷуда барои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”