Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, созишномаи мазкурро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷӣ ва диаспораи Ҷумҳурии Сейшел Берри Ҷуд Жан Фор дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Сейшел Патрик Ҳермини ба имзо расониданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳошияи маросими мазкур ҷонибҳо дар баробари имзои созишнома, ҳамчунин, вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ду кишвар мубодилаи афкор анҷом доданд.
"Дар асоси Созишномаи баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз тарафҳо, ки дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ мебошанд, аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан будубош кардан дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати 30 рӯз озод мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”