Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар ноҳияи Спитамен чорабинӣ баргузор шуда, дар доираи он ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакону наврасон, бахусус ятимон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия ва дастгирии иҷтимоии онҳо мавқеи муҳим дорад.
"Тақдими туҳфаҳои идона ба кӯдакон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли наврас арзёбӣ гардид", - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад