Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ройтерз: Русия содироти сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистонро афзоиш додааст
Хабаргузории Ройтерз менависад, ки Русия аз моҳи августи соли ҷорӣ содироти сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистонро ба таври назаррас афзоиш додааст.
Ройтерз ин гузориши худро бо такя ба иттилои тоҷирони нафт нашр кардааст.
Бар асоси ин гузориш, ҳаҷми интиқоли сӯзишвории дизелӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи август ба беш аз 56 ҳазор тонна расидааст. Дар моҳи июл ин нишондиҳанда тақрибан 16 ҳазор тонна гуфта мешавад.
Афзоиши содироти сӯзишвории Русия дар ҳолест, ки ин кишвар содироти сӯзишворӣ ба бозорҳои хориҷиро маҳдуд кардааст. Русия маҳдудияти содироти сӯзишвориро барои нигоҳ доштани захираҳои дохилӣ ва пешгирӣ аз афзоиши нархи сӯзишворӣ ҷорӣ карда буд.
Ба навиштаи Ройтерз ҳамлаҳои паҳподҳои Украина ба корхонаҳои кокарди нафти Русия боиси коҳиши истеҳсол ва норасоии сӯзишворӣ дар баъзе минтақаҳои ин кишвар шудаанд.
“Бо вуҷуди ин, дар моҳи август содироти дизели Русия ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон, дар маҷмуъ ба беш аз 370 ҳазор тонна расида, нисбат ба моҳи июл ду баробар афзоиш ёфтааст” - манависад Ройтерз.
Дар ин гузориш зикр мешавад, ки дар миёни харидорони сӯзишвории дизели Русия Муғулистон дар ҷойи аввал қарор дорад.
Русия дар маҷмуъ аз моҳи январ то августи соли ҷорӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тақрибан 2, 5 миллион тонна сӯзишворӣ содир намудааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, ки 2, 6 миллион тонна буд, камтар мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”