Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Сарвари давлат дар шаҳри Истиқлол хатти оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ифтитоҳ намуданд
21-уми сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолӣ дар шаҳри Истиқлол ифтитоҳ гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, оби нӯшокӣ барои аҳолии шаҳр бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд аз масофаи зиёда аз 17 километр оварда шуда, боиси аз байн рафтани мушкилоти мавҷудаи сокинон дар ин самт гардид.
"Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти кишвар иттилоъ дода шуд, ки хатти оби нӯшокӣ бо қубурҳои қутрашон 250 миллиметра ва насби таҷҳизоти махусуси худҷорӣ оварда шудааст. Барои кашидани хатти оби нӯшокӣ корҳо тибқи лоиҳа моҳи ноябри соли 2024 оғоз гардида, дар сохтмони он 150 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудааст", - зикр мегардад дар иттилоия.
Таъкид мегардад, ки бо амалӣ шудани тадбири муҳими иҷтимоӣ аҳолии шаҳри Истиқлол ҳамчунин барои кишту парвариши сабзавоту зироати кишоварзӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ имконият пайдо кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”